ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАЙЁРӢ БА БАРГУЗОРИИ АНҶУМАНИ II БАЙНАЛХАЛҚИИ САНЪАТИ МАҚОМ

Ба мақсади эҳтиёткорона ҳифз кардан ва инкишоф додани санъати миллии мақоми ӯзбек, тарғибу ташвиқи васеи намунаҳои нодири он, дар ҷавонон ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба санъат, минбаъд мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдилии байни халқҳо, вусъат додани доираи муносибатҳои маданиву маънавӣ дар сатҳи байналхалқӣ, баланд бардоштани обрӯи санъати мақом дар ҷомеаи ҷаҳон, ҳамчунин ҳамаҷониба ва ҷиддан тайёрӣ дидану дар сатҳи олӣ баргузор кардани Анҷумани байналхалқии санъати мақом:

1. Таклифи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Қашқадарё бобати дар нимаи аввали моҳи сентябри соли 2020-ум баргузор намудани Анҷумани дувуми байналхалқии санъати мақом (минбаъд – Анҷуман), ки баргузории он мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 ноябри соли 2017-ум №ҚП-3391 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи санъати миллии мақоми ӯзбек» дар ҳар ду сол дар шаҳри Шаҳрисабз гузаронида мешавад, маъқул дониста шавад.
2. Ба зиммаи Кумитаи тадорукот оид ба тайёрӣ ва баргузории Анҷумани байналхалқии санъати мақом, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2018-ум № ҚП-3656 «Дар бораи баргузор кардани Анҷумани байналхалқии санъати мақом» тасдиқ шудааст, вазифаҳои зерин гузошта шавад:
коркард ва тасдиқ намудани «Харитаи амалиёт» дар бораи оғози кор оид ба тайёрӣ ба Анҷуман аз моҳи апрели соли 2019;
то моҳи декабри соли 2019-ум муайян кардани санаҳои дақиқи баргузории Анҷуман;
аз 1 апрели соли 2019-ум ба роҳ мондани кори вобаста ба тарғибу ташвиқи Анҷуман дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, интишори шартҳои озмун ва мавзӯи конфронсҳои илмиву амалӣ, ки дар доираи Анҷуман гузаронида мешаванд;
ба роҳ мондан ва то 1 июни соли 2020-ум гузаронидани барномаҳои консертии дастаҳои мақом, озмунҳои ҷумҳуриявӣ бино бар номгӯйҳои «Сарояндагони ҷавони мақом», «Асари беҳтарини мақом» дар байни бастакорон,– ҳамчунин вохӯриҳои эҷодиву сабақҳои устодон бо иштироки олимони машҳури мақомшинос, сарояндагони соҳибтаҷрибаи мақом дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;
то 1 августи соли 2020-ум кор карда баромадани барномаи конфронси байналхалқии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Пешомадҳои рушди санъати мақом», ки дар доираи Анҷуман гузаронида мешаванд, ҳамчунин тайёр кардани рӯйхати олимони мусиқашинос ва мақомшиносони ватаниву хориҷӣ, санъатшиносони машҳур, мутахассисони соҳибтаҷриба, меҳмонони ифтихорие, ки дар Анҷуман иштирок мекунанд;
чорабиниҳо бобати дар шаҳри Шаҳрисабз бо манбаъҳои таърихӣ, илмиву эҷодӣ дар бораи санъат, асбобҳои қадимӣ ва замонавии мусиқӣ, ҳамчунин дигар экспонатҳои нав ғанӣ  сохтани Осорхонаи мақом;
ҳаллу фасл кардани вазифаҳои дигари вобаста ба тайёрӣ ва баргузории Анҷуман.
3. Маркази санъати миллии мақоми ӯзбеки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супоришгар оид ба тайёрӣ ва баргузории Анҷуман муайян карда шавад.
Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки то 1 апрели соли 2020-ум мувофиқи тартиби муқарраршуда сметаи хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва баргузории Анҷуманро тасдиқ намояд.
4. Ба ҳокимияти вилояти Қашқадарё супурда шавад, ки:
дар зарфи ду моҳ – коркарди таклифҳоро бобати дар шаҳри Шаҳрисабз сохтани иншооти инфрасохтори маданӣ ва соҳаи иҷтимоӣ, ки барои баргузор кардани Анҷуман заруранд;
то 1 августи соли 2020-ум татбиқ намудани корҳо оид ба ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Шаҳрисабз, ки барои тайёр кардани саҳна ва майдонҳои баргузории Анҷуман заруранд;
якҷо бо Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори сайёҳии шаҳри Шаҳрисабз фаъолона ҷалб намудани сармояҳо, дастгирӣ кардани ташаббусҳои соҳибкорӣ, то моҳи марти соли 2020-ум сохтмон ва ба истифода супурдани биноҳои замонавӣ, иншооти хидматрасонӣ, ҳамчунин меҳмонхонаҳое, ки тамоми имкониятҳои хидматрасонии замонавӣ ва қулаиҳои заруриро доранд, таъмин намояд.
5. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки то моҳи августи соли 2020-ум бобати таъмин кардани мувофиқати шабакаҳои телекоммуникатсионии шаҳри Шаҳрисабз ба талаботи тайёрӣ ва баргузории анҷуман чораҳо андешад.
6. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ супурда шавад, ки:
якҷо бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳокимияти вилояти Қашқадарё ба мақсади инкишоф додани инфрасохтори шаҳри Шаҳрисабз бобати ҷалби вомҳо ва сармояҳо  чораҳо андешад, ҳамчунин ҳамкориро бо кишвар ва ширкатҳои хориҷӣ ба роҳ монад;
тарғиботи рекламавиву иттилоотии вилояти Қашқадарё ва санъати мақомро дар соҳаи сайёҳӣ ташкил кунад;
фаъолияти босифати кормандони меҳмонхонаҳо ва роҳбаладҳоро таъмин намояд.
7. Ба Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» супурда шавад, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷа барои низоми вай ҷудо карда шудаанд, то 1 апрели соли 2020-ум намоиши силсилаи филмҳои ҳуҷҷатиро дар бораи фаъолияти илмиву эҷодии таълимии олимони машҳури мақомшинос, оҳангсозон, ҳофизон ва сарояндагон таҳия кунад ва ба роҳ монад.
8. Ба Маркази санъати миллии мақоми ӯзбек супурда шавад, ки бо мақсади дар сатҳи баланди бадеӣ ва дараҷаи олии эҷодӣ ташкил кардани Анҷуман бо созмондиҳандагони ҷашнвораҳои байналхалқии санъат ва маркази кишварҳои хориҷӣ, ки мақоми ӯзбек ва жанрҳои ҳаммонанди мусиқии халқҳои дигарро фаро мегиранд, ҳамкориҳои муттасили эҷодиро ба роҳ монад.
9. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамаҷониба равшан кардани кор оид ба тайёрӣ ва баргузории Анҷуман тавсия дода шавад.
10. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф. Ш. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 феврали соли 2019.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: