ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАЙЁРӢ БА БАРГУЗОРИИ ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУСИҚИИ «ТАРОНАҲОИ ШАРҚ»

Бо мақсади минбаъд боло бардоштани нуфузи Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки аз ҷониби Созмони байналхалқии ЮНЕСКО ҳамчун анҷумани бузурги мусиқӣ, ки дар худ ҳадафҳои некро гунҷондааст, эътироф шудаасту ба мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва ҳамдилии байни халқҳои ҷаҳон, ҳифз ва рушди анъанаҳои санъати мусиқӣ, пурзӯр намудани иртиботи байнифарҳангӣ нигаронда шудааст:

1. Пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди оҳангсозону бастакорони Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд дар бораи 26-30 августи соли 2019-ум дар шаҳри Самарқанд гузаронидани Ҷашнвораи дувоздаҳуми байналхалқии  мусиқии «Таронаҳои Шарқ» (минбаъд – Ҷашнвора) маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвора (минбаъд –  Кумитаи тадорукот) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта Дастурро дар бораи баргузории Ҷашнвора кор карда барояд ва тасдиқ намояд.
4. Ба Кумитаи тадорукот (А.Н.Арипов) супурда шавад, ки ба мақсади баргузории Ҷашнвораи соли 2019  дар сатҳи олӣ:
дар зарфи ду ҳафта «харитаи амалиёт»-ро кор карда барояд ва тасдиқ намояд;
масъалаҳои дигари вобаста ба тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвораро ҳаллу фасл кунад.
5. Сардирексияи Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвора ба сифати супоришгар муайян карда шавад.
6. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд:
бобати даъвати олимону мусиқашиносон, ҳунарпешаҳои машҳур, мутахассисони номдор ва меҳмонони ифтихорӣ, аз ҷумла аз хориҷа ба ҷашнвора чораҳо андешад;
дар доираи Ҷашнвора баргузор кардани конфронси байналхалқии илмиву амалии «Пешомади рушди анъанаҳои санъати мусиқии халқҳои Шарқ», дар он иштироки олимони мусиқашиноси машҳури ватанӣ ва хориҷӣ, мутахассисон, ҳамчунин муҳаққиқонро бо маърӯзаҳояшон таъмин намояд;
ба мақсади минбаъд боло бардоштани нуфузи Ҷашнвора, ҷалб намудани эътибори ҷомеаи байналхалқӣ ба маданияти мусиқии Ӯзбекистон дар доираи Ҷашнвора «мизҳои мудаввар»-и махсус, муаррифиҳо ва сабақҳои устодонро бо иштироки мутахассисони хориҷӣ баргузор кунад.
7. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар чаҳорчӯбаи тайёрӣ ба Ҷашнвора то 1 июни соли 2019-ум:
барномаи конфронси байналхалқии илмиву амалӣ;
руйхати олимони мусиқишиноси ватаниву хориҷӣ, санъатшиносони машҳур, мутахассисони соҳибтаҷриба ва меҳмонони ифтихориеро, ки дар ҷашнвора иштирок мекунанд;
тартиби ифтитоҳ ва анҷоми тантанавӣ, ҳамчунин барномаҳои бадеии Ҷашнвора;
якҷо бо Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи эҷодии ҷумҳуриявии «Тасвирий оина» лоиҳаи логотипи Ҷашнвора ва ҳайкалчаро барои супурдан ба ҷоизадорон кор карда барояд ва барои тасдиқ ба Кумитаи тадорукот пешниҳод кунад.
8. Хароҷоти вобаста ба созмон додан ва баргузор кардани Ҷашнвора аз ҷониби Кумитаи тадорукот дар асоси  тартиби тасдиқшуда ва мувофиқи смета муқарраргардида, аз ҷумла:
70 фоиз – дар доираи маблағҳои буҷавӣ, ки ҳар сол дар сметаи хароҷоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегарданд;
30 фоиз – аз ҳисоби буҷаи маҳаллии вилояти Самарқанд, маблағҳои хайрияи васоятгарон ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сарпӯш карда мешаванд.
9. Ба ҳокимияти вилояти Самарқанд супурда шавад, ки то 20 июли соли 2019-ум дар шаҳри Самарқанд ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тайёркунии зарурии саҳна ва майдонҳоро барои гузарондани Ҷашнвора таъмин намояд.
10. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бобати гузаронидани шабакаҳои телекоммуникатсионии шаҳри Самарқанд мувофиқи талабот оид ба тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвора чораҳо андешад.
11. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки барои меҳмонони Ҷашнвора мувофиқи тартибот расмикунонидани раводидҳои сафариро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар талаботи раводидии Вазорати фарҳанг бидуни ситондани боҷҳои консулгарӣ ва ғайра таъмин кунад.
12. Ба Сардирексияи Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» супурда шавад, ки бо созмондиҳандагон ва марказҳои байналхалқии ҷашнвораҳои санъати кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои мунтазами эҷодиро ба роҳ монад.
13. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва расонаҳои дигари ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки аз 1 майи соли 2019 дар телевизион ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ ҷойгузин кардани наворҳои иҷтимоӣ ва маводҳоеро, ки ба тарғибу ташвиқи васеи Ҷашнвора нигаронда шудаанд, ҳамчунин ҳамаҷониба равшан кардани кор оид ба тайёрӣ ва баргузории онро таъмин намоянд.
14. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо мақсади минбаъд такмил додани баргузории ҷашнвора ва анҷуманҳои байналхалқии соҳаи маданият ва санъат дар сатҳи олӣ, ҳамчунин низоми идораи чунин чорабиниҳо дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон таклиф пешниҳод кунад.
15. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2005-ум №ҚП-103 «Дар бораи тайёрӣ ва баргузории Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беэътибор дониста шавад.
16. Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад,ки дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
17. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф. Ш. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 феврали соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: