ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАКМИЛ ДОДАН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ КОРИ БОШУҒЛ ТАЪМИН КАРДАНИ АҲОЛӢ

Дар ҷумҳурӣ бобати татбиқ кардани барномаҳои ҳар сол тасдиқшавандаи вобаста ба таъмин кардани шуғли аҳолӣ, такмил додани механизмҳои ба кор ҷойгиркунонӣ дар ҷойҳои холии корӣ, рушди шаклҳои самараноки шуғлдорӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба рағбатноксозии фаъолнокӣ ва ташаббусҳои соҳибкории аҳолӣ, таъмин кардани шуғли табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, беҳдошти арзонӣ, сифат ва оҷилии хидматҳои давлатии бошуғл таъмин кардани аҳолӣ равона гардидаанд, қабул шуданд.
Бо вуҷуди ин дар минтақаҳо ҳанӯз дараҷаи баланди шиддат дар бозори меҳнат боқӣ мемонад, масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои доимии корӣ, таъмин кардани ҷавонон, бонувон, аъзои оилаҳои камтаъмин, бахусус дар деҳот, ҳамчунин ба танзим даровардани ҷараёнҳои муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ ҳаллу фасл нашудаанд.
Дараҷаи хидматрасонии вомӣ, молиявӣ, машваративу иттилоотӣ ва ғайра барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бобати ба кор ҷойгиркунӣ паст аст.
Тайёркунии касбӣ ва бозомӯзонии кадрҳои истеҳсолӣ аксаран бидуни ба инобат гирифтани талаботи ҷорӣ ва пешомаднокии соҳаҳои иқтисодиёт, имконият ва захираҳои онҳо амалӣ мешаванд, дар натиҷа дар бозори меҳнат бино бар баъзе ихтисосҳо норасоии кадрҳои соҳибтахассус мушоҳида мегардад.
Ба мақсади таъмин кардани татбиқшавии Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти давлатӣ бино бар таъмин кардани шуғли аҳолӣ, ташаккул додани шароитҳои мусоид барои ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, ҳамчунин ҳавасмандсозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоваранд:
1. «Харитаи амалиёт» оид ба такмил додан ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таъмин кардани шуғли аҳолӣ, ки Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркард кардаанд, мувофиқи замима маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
барои Бунёди давлатии  кӯмакрасонӣ ба шуғли назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёди кӯмак ба шуғл) дар соли 2018-ум 150 миллиард сӯм аз ҳисоби даромадҳои иловагии Буҷаи ҷумҳурӣ, аз ибтидои соли 2019-ум бошад дар нишондиҳандаҳои буҷавӣ маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми на камтар аз 300 миллиард сӯм пешбинӣ мегардад;
аз 15 июли соли 2018-ум манбаъҳои ташаккулдиҳии маблағҳои Бунёди рағбатноксозии меҳнати ходимон ва мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии мақомоти оид ба меҳнат (минбаъд – Бунёди рағбатноксозии меҳнат) аз ҳисоби аз 5 то 10 фоиз зиёд кардани миқдори даромадҳои Бунёди кӯмакрасонӣ ба шуғл ба Бунёди рағбатноксозии меҳнат вусъат дода мешавад;
даромадҳо дар ҳаҷми 50 фоиз, ки аз ҷобаҷокунии  боқимондаҳои озоди маблағи бунёдҳои ғайрибуҷавии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои депозитҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ ба даст меоянд, ба Бунёди рағбатноксозии меҳнат равона карда мешаванд.
3. Ба таклифи Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бобати созмон додани бунёдҳои минтақавии рағбатноксозии таъсис додани ҷойҳои нави кори назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд (минбаъд – бунёдҳои минтақавӣ) дар шакли муассисаи давлатӣ ризоият дода шавад.
Инҳо манбаъҳои ташаккулдиҳии маблағи бунёдҳои минтақавӣ муайян карда шаванд:
даромадҳои ҳар семоҳа дар ҳаҷми то 40 фоиз аз иҷрои параметрҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд;
грантҳо ва кӯмакҳои ройгони ташкилоти ватанӣ, хориҷӣ ва байналхалқӣ;
маблағҳои хайрияи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод мешаванд;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
4. Инҳо вазифаҳои асосии бунёдҳои минтақавӣ муайян карда шаванд:
кушодани хатҳои вомӣ дар бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ барои дастгирии минбаъдаи вомии субъектҳои соҳибкорӣ, ки созмон додани ҷойҳои устувори корӣ, бахусус дар деҳотро пешбинӣ менамоянд;
дар ноҳияҳои фаровонкор дар шарти корхонаҳои давлативу шарикии хусусӣ, ки фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро аксаран барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, бо шарти минбаъд истифода бурдани саҳми бунёдҳои минтақавӣ дар ташкил кардани корхонаҳои шарикони хусусӣ пешбинӣ менамоянд;
татбиқ намудани чораҳои дигаре, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмин кардани шуғли аҳолӣ бино бар қарори раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд нигаронида шудаанд.
5. Бунёдҳои минтақавӣ дар қисмати даромадҳо аз пардохти тамоми хелҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба бунёдҳои мақсадноки давлатӣ бо самти мақсади равона кардани маблағҳои озодшуда барои татбиқ намудани вазифаҳои асосии бунёдҳои минтақавӣ озод карда шаванд.
Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду ҳафта тасдиқ кардани оинномаи намунавии бунёди минтақавиро таъмин кунад.
Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ оинномаи бунёдҳои минтақавиро дар пояи оинномаи тасдиқшудаи намунавӣ тасдиқ намоянд.
6. Муайян карда шавад, ки:
а) на камтар аз 50 фоизи маблағҳое, ки ба Бунёди  кӯмак ба шуғл аз Буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд ва маблағи бунёдҳои минтақавӣ, ки мувофиқи бобҳои 2 ва 3-юми қарори мазкур ташаккул меёбанд, аксаран барои кушодани хатҳои вомӣ дар Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Микрокредитбонк», Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Агробонк» ва Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Халқ банки» барои минбаъд аз ҷониби бонкҳои зикршуда ҷудо кардани вомҳои кӯчак барои дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои кӯчак ва хурд, ки фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро пешбинӣ менамоянд, равона мешаванд;
б) вомҳои кӯчак ба субъектҳои соҳибкории хурд, хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ, субъектҳои соҳибкории оилавӣ барои:
ташкил кардани гармхонаҳо, хариди тухмӣ, ниҳолҳо, чорво ва парранда, инвентарҳои хоҷагии қишлоқ ва асбобу анҷомҳо, асбобҳои обёрӣ (насосҳо, чоҳҳои артезианӣ ва ғайра) ба мақсади рушди истеҳсолот дар хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ва деҳқонӣ;
хариди таҷҳизоти замонавии кӯчак ва ашё барои коркард, нигоҳ доштан ва борбандии маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, молҳои хӯрокворӣ ва молҳои истеъмолии ғайрихӯрокворӣ;
таъсис додан ва муҷаҳҳаз кардани корхонаҳои соҳаи хидматрасонӣ, бахусус хелҳои хидматрасонии маишӣ, таъмирӣ, таълимӣ, тиббӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ ва хелҳои дигари хидматҳои харидоргир;
рушди хонакорӣ, бахусус дар байни занони ноҳияҳои деҳотӣ;
самтҳои дигар, бо дарназардошти тахассуси истеҳсоли ноҳия ва шаҳрҳое, ки захираҳои минераливу ашёвӣ, замин, кишоварзӣ ва ғайра доранд, ҷудо карда мешаванд;
в) вомҳои кӯчак дар ҳаҷми то 500 каратаи ҳаҷми музди камтарини меҳнат ба муҳлати то 3 сол, бо давраи имтиёзноки 6 моҳ, бино бар миқдори фоизӣ дар ҳаҷми 50 фоизи миқдори бақайдгирифтаи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо дарназардошти маржи бонки тиҷоратӣ дар ҳаҷми 50 фоиз аз миқдори воми ҷудокардашуда пешниҳод карда мешаванд.
Дар ин маврид вомҳои кӯчак метавонанд бидуни таъминоти гаравгонии шахсони бекор, шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, заноне, ки дар вазъи душвори ҳаётӣ қарор доранд, аъзои оилаҳои камтаъмин ва табақаҳои дигари аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ дар ҳаҷми на камтар аз 100 каратаи миқдори  маоши камтарин ҷудо карда шаванд.
Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ тартиби ҷудо кардани вомҳои кӯчакро, ки дар сарсатри дуввуми зербоби «в»-и боби мазкур пешбинӣ шудааст, тасдиқ кунад.
7. Муқаррар карда шавад, ки:
соҳибкорони алоҳида, ки дар ноҳияҳои деҳот, ғайри нуқтаҳои аҳолинишини миқдори аҳолиаш беш аз 5 ҳазор нафар, корро бино бар хидматрасонии сартарошӣ, дӯхтани сару либос мувофиқи супоришҳои алоҳида, таъмири пойафзор ба роҳ мондаанд, ҳамчунин ҳаммомҳои умумӣ ташкил кардаанд, то 1 июли соли 2023-юм аз пардохти тамоми андозҳо озод карда мешаванд;
соҳибкорони алоҳида аз пардохти андози қайдшуда, ки барои ҳар кадом ходими иҷора пардохта мешавад, озод карда мешаванд;
субъектҳои соҳибкории оилавии бидуни маълумоти шахси ҳуқуқӣ ҳақ доранд, то 3 нафар ходими доимиро бо қарордоди шартномаи меҳнатӣ бо онҳо ба иҷора гиранд, ҳамчунин ба сифати аъзои субъекти соҳибкории оилавӣ бидуни маълумоти шахси ҳуқуқӣ дигар хешовандони наздики худро, ки ба синну соли қобили меҳнат расидаанд, бародарон ва хоҳарон, ҳамсарон ва фарзандони онҳоро, ки ба синну соли қобили меҳнат расидаанд, ҷалб намоянд; 
соҳибкорони алоҳидае, ки мувофиқи боби 6-уми қарори мазкур воми кӯчак гирифтаанд, аз пардохти андози қайдшуда дар тӯли 6 моҳ аз рӯзи гирифтани он озод карда мешаванд;
соҳибкорони алоҳида аз хидмат барои кашондани борҳо бо нақлиёти автомобилии ҳаҷми борбардориаш зиёда аз 3 тонна бино бар миқдори 2 каратаи музди камтарини меҳнат андози ҳармоҳаи бақайдгирифташуда месупоранд.
8. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки аз 1 августи соли 2018-ум низоми суғуртаро бино бар бекорӣ аз ҳисоби маблағи Бунёди кӯмак ба шуғл ҷорӣ кунанд, ки пешниҳоди субсидияҳои якдавраинаро пешбинӣ менамоянд:
ба шахсони бекоре, ки дар марказҳои кӯмак ба шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд ва хоҳиш доранд фаъолияти соҳибкориро оғоз кунанд, барои пардохти хароҷот бино бар бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори алоҳида, қайди давлатии корхонаҳои кӯчак ва фирмаҳои кӯчак – дар ҳаҷми 2 музди камтарини меҳнат;
ба ташкилотҳое, ки шахсонро аз ҷумлаи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, аз ҷумла шахсони ногиро, ба миқдори камтарини зиёд муқарраршуда (квотаҳо) ба кор қабул карда, дар ҳаҷми 2 музди камтарини меҳнат ҳар моҳ барои ҳар як корманди қабулшуда, бо шарти нигоҳ доштани шуғли шахси ба кор қабулшудаи табақаи мазкур дар тӯли на камтар аз 12 моҳ аз рӯзи баланд бардоштани миқдори камтарин (квотаҳо) маош муайян кардаанд;
ба кордиҳандагон барои бо маблағ таъмин кардани хароҷот баҳри таълими касбӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон аз ҷумлаи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, аз ҷумла шахсони ногиро, ки ба кор бино бар роҳхати марказҳои кӯмакрасонӣ ба шуғли аҳолӣ қабул шудаанд, барои ҳар кадом корманд дар ҳаҷми 3 музди камтарини меҳнат. 
9. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
ҷудо кардани грантҳоро барои муассисаҳои таълими касбӣ аз Бунёди кӯмак ба шуғл барои бо маблағ таъмин кардани хароҷоти бозомӯзонии касбии шахсони бекоре, ки дар марказҳои кӯмакрасонӣ ба шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, бахусус духтарон ва занон аз оилаҳои камтаъмин;
якҷо бо Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркарди масъалаи аз соли хониши 2018/2019 дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ ҷорӣ кардани барномаи касбомӯзӣ, ки баргузор кардани курсҳои касбомӯзиро барои хонандагони синфҳои болоӣ бо фароҳам овардани кабинетҳои вазъиятӣ, ки бо воситаҳои мултимедӣ муҷаҳҳаз шуда, ҷиҳатҳои асосӣ ва меъёрҳои касбии пешаҳоеро, ки хонандагон мехоҳанд азхуд кунанд, сабт мекунад, кор карда барояд;
якҷо бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор аз 1 сентябри соли 2018-ум механизми ба сифати шаҳрвандони машғул, ки дар хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар пояи маълумотҳои тасдиқшудаи роҳбарони секторҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ва аризаҳои шаҳрвандон кор мекунанд, ҷорӣ кунад;
дар байни аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла дар расонаҳои ахбори оммавӣ аҳамият ва моҳияти қарори мазкурро  васеъ маънидод кунад.
10. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.А.Қӯчқоров ва вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Д.Қудбиев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
14 июли соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: