ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАЪСИС ДОДАНИ МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Рушди иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирӣ намудан ва ҳавасманд гардонидани бачагони соҳибистеъдод, баланд бардоштани шууру маданияти ҳуқуқии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат дар соҳаи таълими халқ ба шумор меравад.

Минбаъд тезонидани рушди мамлакат аз зарурати баланд бардоштани сифати корҳо бобати ба роҳ мондани низоми ошкор намудани соҳибистеъдодҳои наврас, интихоб кардан ва таълим додани бачагони соҳибқобилият, ташаккул додани муҳити бисёрҷанбаи таълимӣ, ки ба кашфи иқтидорҳои зеҳнии насли наврас мусоидат мекунанд, вобаста мебошад.
Ба мақсади ташаккул додани низоми ягона оид ба ошкор кардани, таълим додан ва тарбияи  бачагони соҳибистеъдод бо истифода аз технологияҳои пешқадам дар ҷараёни таълим, дастгирӣ намудан ва рағбатноксозии минбаъдаи ҷавонони соҳибқобилият, ташаккул додани насли навраси аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ ва зеҳнан комил, ҳамчунин мувофиқи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ намудани Стратегияи амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ»:
1. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар шакли муассисаи махсуси давлатии таълими ҳамагонӣ Мактабҳои президентӣ таъсис дода шаванд.
2. Инҳо вазифаҳои асосии Мактабҳои президентӣ муайян карда шаванд:
дарёфтан, интихоб кардан ва таълим додани бачагони соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, ҳамчунин кашф намудани имкониятҳои зеҳнӣ, илмӣ ва эҷодии толибилмон;
ба роҳ мондани омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ ва дақиқ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муҳандисӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пешбурди ғояҳои инноватсионӣ ва кашфиёти толибилмон;
ба роҳ мондани усулҳои замонавии таълим ва баҳодиҳӣ ба донишҳои толибилмон, ҳамчунин муносибати байни фанҳои таълимӣ дар пояи қаробати барномаҳои таълимӣ бо таҷрибаҳои минбаъдаи мусбат дар низоми таълими халқи ҷумҳурӣ;
татбиқ намудани касбомӯзии толибилмон, дар онҳо инкишоф додани қобилияти пешоҳангӣ ва санъати наттоқӣ, фикру ақидаҳои танқидӣ, ҷустуҷӯ, таҳлил ва коркарди маълумот, дар таҷриба ба кор бурдани донишҳо;
иштироки сазовори хонандагон дар олимпиадаҳои байналхалқӣ, озмун ва мусобиқаҳои оид ба фанҳои ҷамъиятӣ; 
дар иштироки сазовори хонандагон дар олимпиадаҳои байналхалқӣ, озмун ва мусобиқаҳои оид ба фанҳои ҷамъиятӣ;
дар толибилмон ташаккул додани эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, кушодадилӣ, муносибати боэҳтиромона ба қонунҳо, суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, эътиқод ва нуқтаи назари қатъӣ ба ҳаёт;
ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳаммонанди таълими умумӣ ва миёнаи ватанӣ ва хориҷӣ бинобар масъалаҳои таъмин кардани давомнокии барномаҳои таълимӣ, таълими минбаъдаи хатмкардагон дар муассисаҳои пешқадами таълими олии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо дар ҷумҳурӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
қабул ба Мактабҳои президентӣ аз ҷумлаи хатмкардагони синфҳои 4-уми муассисаҳои таълими умумии ҷумҳурӣ бинобар натиҷаи тест оид ба фикронии мантиқӣ, имтиҳони хаттӣ ва суҳбат, ки мувофиқи тартиби муайян кардаи Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Вазорат) гузаронида мешавад;
квотаи ҳарсолаи қабул ба Мактабҳои президентӣ 24 хонандаро бо тақсимоти баробари онҳо дар ду синф, дар ҳар синф 12 нафарӣ дарбар мегирад;
дар соли аввали таълим қабули хонандагон ба синфҳои 5-10-уми Мактабҳои президентӣ ба миқдори дар ҳар мактаб 144 нафар толибилм татбиқ мегардад;
ҷараёни таълим дар Мактабҳои президентӣ бинобар нақша ва барномаҳои таълимӣ, ки якҷо бо ташкилоти таълимии хориҷӣ коркард шудаанд, ба забони англисӣ бурда мешавад;
дар Мактабҳои президентӣ барномаи «STEAM – таълим» (Science — фанҳои табиӣ,  Technology — технологияҳо,  Englineenng — эҷодиёти техникӣ, Art-санъат, Mathematics — математика) ҷорӣ карда мешавад;
таълим дар синфҳои 9-11-уми Мактабҳои президентӣ ҷараёни шахсии таълимиро бо назардошти рағбат ва хусусиятҳои хонандагон аз тариқи интихоб кардани фанҳо ва дараҷаҳои махсуси омӯзиши онҳо тақозо менамояд;
баробари барномаи асосии таълим дар Мактабҳои президентӣ бо назардошти шавқу рағбати хонандагон баргузор кардани машғулиятҳои амалии беруназсинфӣ пешбинӣ мегардад;
ба хатмкардагони Мактабҳои президентӣ баробари ҳуҷҷат дар бораи таълим намунаи муқаррарнамудаи давлатӣ (шаҳодатнома, аттестат) дипломи барномаи дахлдори дараҷаи байналхалқӣ (Inter-national Baccalaureate, Ad-vanced Placement ё худ International Advanced Levels) дода мешавад, ки барои ба муассисаҳои пешқадами таълими олии хориҷӣ дохил шудан имконият медиҳад;
Мактабҳои президентӣ бевосита ба Вазорат тобеъ мебошанд.
4. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Инспексияи давлатии оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирон ва дигар идораҳои манфиатдор дар муҳлати то 1 майи соли 2019-ум лоиҳаи қарори ҳукуматиро оид ба тасдиқ намудани Дастур дар бораи Мактаби президентӣ кор карда барояд ва пешниҳод кунад, ки тартиби зеринро муайян менамояд:
ба роҳ мондани ҷараёни таълимиву тарбиявӣ дар Мактабҳои президентӣ;
баргузор кардани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва қабули толибилмон бо назардошти баҳодиҳӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва афкори  креативӣ;
интихоб кардан, ба кор ҷалб намудан ва пардохти меҳнати кормандони Мактабҳои президентӣ, аз ҷумла мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ;
бо маблағ таъмин намудани кор ва тасдиқ кардани ҷадвали намунавии штатии Мактабҳои президентӣ.
5. Ҷадвали сохтмони Мактабҳои президентӣ дар солҳои 2019-2021 мувофиқи замимаи №1;
Барномаи чораҳои иловагӣ оид ба ташкил кардани фаъолияти Мактабҳои президентӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва Хива мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
6. Комиссия бобати ба роҳ мондани фаъолияти Мактабҳои президентӣ (минбаъд – Комиссия) дар ҳайати мувофиқи замимаи №3 таъсис дода шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии Комиссияи кӯмакрасон ба Мактабҳои президентӣ муайян карда шаванд:
мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, бо маблағ таъминкунӣ ва татбиқ намудани чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сифати таълим нигаронида шудаанд;
ҷалби маблағи сармоягузорони хориҷӣ, кӯмакрасонии техникӣ (грантҳо) ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, барои таъмин сохтани рушди муттасили фаъолияти Мактабҳои президентӣ;
самарабахш истифода бурдани маблағҳои Мактабҳои президентӣ ва таъмин намудани назорати истифодаи мақсадноки онҳо;
тайёр кардани пешниҳодот оид ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти Мактабҳои президентӣ, аз ҷумла ба ҷараёни таълим  ҷорӣ намудани шакл ва усулҳои пешқадами таълим, технологияҳои педагогӣ, компутерӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ;
ба Комиссия ҳуқуқ дода шавад, ки:
а) лоиҳа ва меъёрҳои намунавии бо таҷҳизоти замонавӣ, мебелҳо, техникаҳои компутерӣ, ҳамчунин бо адабиётҳои таълимӣ, аёниятҳои услубӣ ва воситаҳои дигар таъмин кардани Мактабҳои президентиро тасдиқ кунад;
б) ба тарзи мустасно, бидуни баргузор кардани озмунҳо (тендерҳо)-и савдо аз тариқи интихоб кардани таклифҳои беҳтарин:
ташкилоти лоиҳавиро барои коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавӣ; ташкилоти пудратиро барои сохтмони Мактабҳои президентӣ;
истеҳсолгарон (хидматгузорон)-ро барои муҷаҳҳазсозии Мактабҳои президентӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, мебелҳо, техникаҳои компутерӣ, ҳамчунин таъмин кардани онҳоро бо адабиёти таълимӣ, аёниятҳои услубӣ ва воситаҳои дигар;
ташкилоти махсуси хориҷиеро, ки дар соҳаи таълим хидмат мерасонанд, барои таъмин намудани роҳбарияти таълимиву услубӣ, ташкил кардан ва ба роҳ мондани ҷараёни таълим дар Мактабҳои президентӣ, ҳамчунин татбиқ намудани қабули хонандагон ва ба кор пазируфтани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ муайян кунад.
7. Ба Шӯрои Вазирони  Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ ба Вазорат дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони Мактабҳои президентӣ таклиф пешниҳод кунанд.
Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷоми сохтмон ва ба истифода супурдани Мактабҳои президентиро дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва Хива то 20 августи соли 2019, дар ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ  мувофиқан то 20 августи солҳои 2020 ва 2021 таъмин намояд.
8. Муайян карда шавад, ки:
корхонаи муттаҳиди давлатии «Ширкати инжинирингӣ оид ба коркарди биноҳои техникӣ барои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва мониторинги сифати иншооти сохтмон дар соҳаи таълими халқ»-и назди Вазорат – супоришгари сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Мактабҳои президентӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, мебелҳо, техникаҳои компутерӣ, бо адабиётҳои таълимӣ, аёниятҳои услубӣ ва воситаҳои дигари таъминкунӣ ба шумор меравад;
корхонаи муттаҳиди давлатии «Маркази инноватсияҳо, технология ва стратегия»-и назди Вазорат – ташкилотест, ки ба таъминоти услубӣ ва иттилоотиву таҳлилии фаъолияти Мактабҳои президентӣ ҷавобгӯ мебошад.
9. То 1 январи соли 2022 таҷҳизот, техникаҳои компутерӣ, воситаҳои техникии таълим, адабиётҳо, маҳсулоти мултимедӣ, ҳамчунин маводи сохтмон, маснуоти маҷмӯӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол карда намешаванд ва барои сохтмон, таҷдид, муҷаҳҳазсозӣ ва таъмин кардани фаъолияти Мактабҳои президентӣ мувофиқи номгӯе, ки бинобар тартиби муқарраршуда ташаккул меёбанд, аз пардохтҳои гумрукӣ (ғайр аз боҷҳо барои расмикунонии гумрук) озод карда шаванд.
10. Муқаррар карда шавад, ки:
сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Мактабҳои президентӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, мебелҳо, техникаҳои компутерӣ, таъмин кардани онҳо бо адабиётҳои таълимӣ, аёниятҳои услубӣ ва воситаҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сармояҳои хориҷӣ, хайрияҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, маблағҳои иловагие, ки Комиссия ҷалб намудааст, маблағҳои ғайрибуҷавии вазорат, ҳамчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ намекунад, татбиқ мегардад;
коркарди лоиҳаҳои намунавии Мактабҳои президентӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва Хива аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Prime Tower Group» (шаҳри Тошканд) якҷо бо корхонаи муттаҳиди давлатии «Ширкати инжинирингӣ оид ба коркарди биноҳои техникӣ барои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва мониторинги сифати иншооти сохтмон дар соҳаи таълими халқ»-и назди Вазорат амалӣ мегардад.
11. Ба ташкилоти лоиҳавиву пудратӣ ба таври мустасно иҷозат дода шавад, ки сохтмони Мактабҳои президентиро якҷо бо коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавӣ татбиқ намоянд.
12. Ба Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки баргузор намудани экспертизаи маҷмӯии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавиро оид ба сохтмони Мактабҳои президентӣ таъмин намояд ва назорати давлатии меъмориву бинокориро барои риоя гардидани сифати иҷрои корҳои сохтмониву монтажӣ муқаррар кунад.
13. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки мувофиқи аризаҳои Вазорат расмикунонии раводидҳои бисёркаратаи сафариро барои кормандони хориҷии Мактабҳои президентӣ, ки дар доираи татбиқ сохтани қарори мазкур ҷалб гардидаанд, ҳамчунин аъзои оилаи онҳоро бидуни ситондани боҷҳои консулгарӣ ва ғайра таъмин намояд.
14. Муқаррар карда шавад, ки бо маблағ таъминкунии Мактабҳои президентӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин харҷҳо барои:
додани музди меҳнат, илова ва изофапулиҳо, мукофот ва пардохтҳои дигари рағбатноксозии кормандони Мактабҳои президентӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар пояи шартнома хидмат мерасонанд;
пардохти хидмати ташкилоти махсуси хориҷӣ, ки дар соҳаи таълим, оид ба таъмин сохтани роҳбарияти таълимиву услубӣ, ба роҳ мондани ҷараёни таълим, ҳамчунин ташкили қабули хонандагон ва ба кор қабул кардани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ;
таъмин кардани толибилмон бо хӯрок, сару либоси мактабӣ ва манзили бепул;
пардохти чорабиниҳои дигаре, ки бо таъминсозии фаъолияти Мактабҳои президентӣ вобастаанд, мувофиқи ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
15. Ба вазорат супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуваҳидов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
20 феврали соли 2019.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: