ДАР БОРАИ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН БА РОҲ МОНДАНИ ОЗМУНҲОИ ДӮСТДОРОНИ КИТОБ БА МАҚСАДИ ВАСЕЪ ОМӮХТАН ВА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ КАРДАНИ МЕРОСИ ЭҶОДИИ ОЛИМОН, ШОИРОН ВА МУТАФАККИРОНИ БУЗУРГИ МО

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Алҳол дар мамлакат мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар тамоми соҳаву ҷанбаҳо тағйиротҳои бузург амалӣ мешаванд. Дар ин маврид ба масъалаи дар ҷомеа васеъ қарор ёфтани суннатҳои инсонпарварӣ ва меҳру мурувват, баланд бардоштани дараҷаи зеҳнӣ ва мадании аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, вусъат додани ҷаҳонбинии онҳо, тарбия кардани насли навраси комил эътибори махсус дода мешавад.
Олимон, шоирон ва мутафаккирони бузурге, ки сарзамини куҳан ва зебои мо ба воя расонидааст, бо мероси ғановатманди маънавии худ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, илмҳои дунявиву динӣ саҳми бузург гузоштаанд, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардидааст.
Асарҳои нодири бадеӣ ва илмии онҳо оид ба математика, минерология, нуҷумшиносӣ, кимиё, тиб, дорусозӣ, меъморӣ, таърих, адабиёт, санъат, диншиносӣ, фалсафа ва самтҳои дигар дар ганҷинаи тафаккури зеҳнии ҷаҳон мақоми сазовор доранд.
Дар омӯзиши ҳамаҷонибаи ин мероси бебаҳо, ки соли 2017-ум таҳти унвони озмуни «Ёш китобхон» ташкил гардид, тақрибан 250 ҳазор нафар хонандагон иштирок карданд, ба ғолибон туҳфаҳои Президент – автомобилҳои сабукрав супурда шуданд. Озмуни мазкур ба пешбурди маданияти китобхонӣ дар байни ҷавонон такони бузург бахшид.
Ба мақсади беш аз пеш амиқ омӯхтан ва тарғибу ташвиқ кардани мерос, ҳаёт ва фаъолияти гузаштагони бузурги мо, тарбия кардани насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба суннатҳои милливу умумиинсонӣ, ҷалби васеи ҷавонон ба маданияти мутолиа:
1. Бо дарназардошти натиҷаҳои мусбати дар байни ҷавонон ташкил кардани озмунҳои дӯстдорони китоб пешниҳоди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Оҷонсии  матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, ҳамчунин ҷомеаи васеъ бобати дар сатҳи олӣ баргузор кардани озмунҳои мазкур ва мунтазам гузаронидани онҳо маъқул дониста шавад.
2. Таркиби кумитаи ташкилӣ бинобар дар байни ҷавонон баргузор кардани озмуни «Ёш китобхон» (минбаъд – озмун) ба мақсади васеъ омӯхтан ва тарғибу ташвиқ кардани мероси эҷодии олимон, шоирон ва мутафаккирони бузурги мо мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) тамоми чорабиниҳои вобаста ба баргузор кардани озмун аз ҳисоби Бунёди рушди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ҳамчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, бо маблағ таъмин карда мешаванд;
б) бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун:
масъулияти масъалаҳои ташкилӣ ва амалӣ ба зиммаи Оҷонсии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва  миёнаи махсус, Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шавад;
масъулияти корҳои илмиву эҷодӣ ба зиммаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ гузошта шавад.
4. Ба Оҷонсии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва  миёнаи махсус, Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ супурда шавад, ки дар зарфи даҳ рӯз якҷо мувофиқи тартиби муқарраршуда Дастуруламал дар бораи тартиби баргузор кардани озмуни «Ёш китобхон»-ро кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд.
5. Дар Дастуруламал инҳо пешбинӣ карда шаванд:
баргузор кардани озмунҳо бинобар номгӯйҳои алоҳида;
дар соли 2018-ум гузарондани озмунҳо бинобар омӯхтани мероси  эҷодӣ ва фаъолияти илмиву адабии Абӯрайҳон Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Муҳаммад Ризо Огаҳӣ, Бердах ва дигар мутафаккирони бузург, осори гаронбаҳои адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла достонҳои халқии «Алпомиш», «Гӯрӯғлӣ», «Кунтуғмиш»;
ташкил кардани самтҳои дахлдори мавзӯӣ барои озмунҳои минбаъда бино бар давраҳои муайяни таърих;
чораҳо бобати коркарди механизмҳои мушаххаси ҳавасмандсозии ғолибони озмунҳо, аз ҷумла, бо автомобили сабукрав мукофотонидани иштирокдороне, ки дар давраи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол кардаанд, рағбатноксозии сазовори ишғолкардагони ҷойҳои дуввум, саввумро, ҳамчунин иштирокдорони фаъол.
6. Ба Оҷонсии матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон супурда шавад, ки бобати ба чоп тайёр кардан ва нашр намудани осори олимон, шоирон ва мутафаккирони бузург, ба номгӯйҳои озмун пешниҳод кардани китобу рисолаҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо бахшида шудаанд, дар байни китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, марказҳои иттилоотиву захиравӣ ва доираи васеи хонандагон, аз ҷумла аз тариқи дар веб-сайтҳои дахлдор ҷойгир кардани онҳо чораҳо андешад.
7. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба иҷрои қарори мазкурро васеъ равшан кунанд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов, мушовирони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х.Султонов ва Қ.Қуранбоев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                                     Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
12 майи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: