Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15-16 июли соли 2021 дар Тошканд конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев 15-16 июли соли 2021 дар Тошканд конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо” баргузор мегардад.
Мақсади асосии форум таҳкими робитаҳои таърихан наздик ва дӯстона, эътимод ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар манфиати ҳамаи халқҳо ва кишварҳои ҳарду минтақа мебошад.
Дар кори конфронс иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, давлатҳои дигари хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳо ва ширкатҳои ҷаҳонии молиявӣ, марказҳои пешрафтаи таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар ҷараёни ҷамъомадҳои умумӣ ва сексионӣ иштирокчиёни форум имкониятҳои пешбурди ташаббусҳоеро, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар ҷанбаи амиқсозии минбаъдаи алоқамандии минтақавӣ нигаронда шудаанд, муҳокима мекунанд.
Аз рӯзнома мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор ва таҳияи якҷояи пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва инноватсия, технологияҳои «сабз», татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва барномаҳои ҳамкорӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг, таъмини субот ва амнияти ду минтақа ҷой гирифтаанд.