Бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонони донишҷӯ ба мунтазам кор кардан дар болои худ ва машғул шудан ба корҳои илмию тадқиқотӣ, ифшо кардани истеъдоди онҳо ва рушди қобилиятҳои эҷодӣ, дастгирии минбаъдаи ҷавонони босавод ва боистеъдод, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳои дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии сиҳатии аҳолӣ» муайян шудаанд:
Бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонони донишҷӯ ба мунтазам кор кардан дар болои худ ва машғул шудан ба корҳои илмию тадқиқотӣ, ифшо кардани истеъдоди онҳо ва рушди қобилиятҳои эҷодӣ, дастгирии минбаъдаи ҷавонони босавод ва боистеъдод, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳои дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии сиҳатии аҳолӣ» муайян шудаанд:
1. Аз соли хониши 2021/2022 сар карда:
а) квотаи Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар карда шавад:
барои докторантҳое, ки дар докторантураи асосӣ таҳсил мегиранд ва донишҷӯёни дараҷаи магистратура, ду баробар, ба андозаи 10 ва 22 мутаносибан зиёд гардонда шавад;
барои донишҷӯёни бакалавр — дар ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ яктогӣ;
б) ба мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёни боситеъдод, ки дар муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таҳсил мегиранд, стипендияи давлатии ба номи Қаҳрамони Ӯзбекистон, нависандаи халқии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Тулепберген Қайипбергенов ва ба номи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири халқии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Ибройим Юсупов таъсис дода шавад;
в) Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ инчунин барои донишҷӯёни бакавлариат, ки бинобар барномаҳои муштараки таълими муассисаҳои давлатии таълими олӣ, инчунин дар филиалҳои ташкилотҳои таълими олӣ ва ташкилотҳои таълими олии ғайридавлатии хориҷии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта таҳсил мегиранд, ҷорӣ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
марҳилаи пешакии озмун ба Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ аз ҷониби муассисаи таълими олӣ, довталабоне, ки бар марҳилаи навбатии озмун тавсия карда мешаванд, бо иштироки профессорон-омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи дахлдори таълими олӣ муаяйн карда мешавад;
озмунҳо ба Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ мувофиқи тартибе, ки Девони Вазирон тасдиқ намудааст, аз ҷониби комиссияҳои Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус созмон додашаванда гузаронда мешаванд;
донишҷӯёни лауреати Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ, ки муассисаҳои таълими олии давлатиро дар асоси барномаи муштаракаи таълимӣ, филиалҳои ташкилотҳои таълими олӣ ва ташкилотҳои таълими олии ғайридавлатии хориҷии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдоштаро хатм кардаанд, низ ба магистратураи муассисаи таҳсилоти олии давлатӣ бинобар самти дахлдори таълими бакалавриат ва ихтисоси муҷовир бе имтиҳонҳои дохилшавӣ дар асоси гранти иловагии давлатӣ қабул карда мешаванд.
3. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус:
дар давоми як моҳ мувофиқи Рӯйхати ихтисосҳои кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассусҳои олӣ, инчунин Таснифгари самтҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олӣ рӯйхати самтҳои озмун ба Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои докторантҳо, ки дар докторантураи базавӣ таҳсил мегиранд ва донишҷӯёни дараҷаи магистратура, инчунин стипендияҳои давлатии шахсӣ барои донишҷӯёни бакалавриат бо назардошти соҳаи таълим тасдиқ намояд;
ҳар сол ба Девони Вазирон барои тасдиқ пешниҳод оид ба квотаҳо барои Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ дар қисмати муассисаҳои таълими олӣ тақдим намояд;
якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар низоми худ муассисаи таълими олӣ доранд, баргузории марҳилаи пешакии озмунро ба Стипендияи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва стипендияҳои давлатии шахсӣ аз ҷониби муассисаҳои таълими олӣ дар асоси шаффофият, адолатнокӣ ва сатҳи баланд таъмин намояд.
4. Маблағҳое, ки барои татбиқи чораҳои дар Фармони мазкур муайяншуда заруранд, дар доираи маблағҳое, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор аз буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2021 ба сифати тақсимотгари дараҷаи якуми маблағҳои буҷа ҷудо шудаанд, молӣ кунонида мешаванд, аз соли 2022 дар параметрҳои Буҷаи давлатӣ ба назар гирифта мешаванд.
5. Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 1993 № ФП-555 «Дар бораи чораҳои ҳавасмандгардонии донишҷӯёни Ӯзбекистон» мувофиқи замима тағйирот ворид карда шавад.
6. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
7. Ба зиммаи вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус А.Х. Тошқулов ва директори Маркази давлатии тестии назди Девони Вазирон М.М. Каримов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки татбиқи Фармони мазкур гузошта шавад.
Назорати иҷрои Фармон, амалӣ гардондани мутобиқсозии фаъолияти вазорату идораҳои масъул ба зиммаи муовини Сарвазир Б. А. Мусаев ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А. Абдувахитов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
9 сентябри соли 2021.