ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ХИДМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ ВА БА ЗАХИРА ҶАВОБ ДОДАНИ ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, КИ МУҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДАИ ХИДМАТРО АДО НАМУДААНД

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»:

1. Моҳҳои март-апрели соли 2020 шаҳрвандони синну соли даъватии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои ба таъхир андохтани даъват ҳуқуқ надоранд, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Шаҳрвандоне, ки ба иҷро кардани хидмати ҳатмии ҳарбӣ муносибанд ва барои ба таъхир андохтан ва озод гардондан аз он ҳуқуқ надоранду аммо дар рафти даъвати мазкур ба Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда намешаванд, ба захираи даъвати сафарбарӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.
2. Моҳҳои март-апрели соли 2020 ба захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳатмии ҳарбиро адо намудаанд, ҷавоб дода шаванд.
3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Махмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 феврали соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: