ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ХИДМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ ВА БА ЗАХИРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҶАВОБ ДОДАНИ ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБИЕ, КИ МУҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДАИ ХИДМАТРО АДО КАРДААНД

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ:

1. Дар моҳҳои март – апрели соли 2022 шаҳрвандони синни даъватии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштан ва озод кардан аз даъватро надоранд, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Ба захираи сафарбаркунии даъватӣ шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ мувофиқанд, аз ҷумла бо маҳдудият, ҳуқуқи ба таъхир андохтан ва озод кардан аз адои хидмати ҳарбӣ надоранд, вале ба мӯҳлати навбатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда намешаванд, қабул карда шаванд.
2. Дар моҳҳои март-апрели соли 2022 хидматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлатҳои муқарраршудаи хидмати ҳатмии ҳарбиро адо кардаанд, ба захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шаванд.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Маҳмудов гузошта шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш.Мирзиёев

Шаҳри ТОШКАНД,
22 феврали соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: