Ба мақсади муносиб рағбатнок намудани ҷавонони фидокор ва диловар, ки дар татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси мамлакатамон фаъолнокӣ нишон додаанд, бо дониш, истеъдод, ғайратнокӣ ва ташаббускорӣ, меҳнати софдилонона ва самарабахшашон ба шукуфоии Ватан ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд, дорои маънавияти баланд, мустақилфикрӣ, мавқеи қатъии ҳаётӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ буда, қодиранд барои ояндаи мамлакат масъулиятро ба зимма гиранд, инчунин мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бо
1. Таклифоти комиссияи оид ба мукофотҳои давлатӣ ва гералдикаи назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи барои комёбиҳои алоҳидаашон дар соҳаи илм, таълим, тиб, маданият, адабиёт, санъат, варзиш, истеҳсолот, дар хидмати ҳарбӣ ва фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» мукофотонидани ҷавонони иқтидорноки Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд мувофиқи рӯйхати илова маъқул дониста шавад.
2. Ба соҳибони Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» диплом ва нишони сарисинагӣ дар тантанаҳо дар арафаи Рӯзи ҷавонон супурда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳар як лауреати Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» додани мукофоти пулиро дар ҳаҷми 50 баробари музди камтарини меҳнат таъмин намояд.
4. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани фаъолияти намунавӣ, истеъдоди беназир ва комёбиҳои лауреатҳои Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» тавсия дода шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Шӯрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон К.К.Куранбаев гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
28 июни соли 2019.