ДАР БОРАИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН «ДАР БОРАИ ОМУРЗИШИ ГУРӮҲИ ШАХСОНЕ, КИ МУДДАТИ ҶАЗОРО ДАР ШАКЛИ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ КАРДАН ГУЗАШТА, АЗ КИРДОРИ ХУД СИДҚИДИЛОНА ТАВБА КАРДААНД ВА ҚАТЪИЯН БА РОҲИ ИСЛОҲ ДАРОМАДААНД»

30 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фармон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан гузашта, аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо гузошт.

Мувофиқи фармон бо мақсади дар амал татбиқ намудани равандҳои меҳру мурувват ва инсонпарварӣ, ҳамчунин сифатҳои хоси халқи мо, аз ҷумла кушодадилӣ, мурувват ва саховатмандӣ дар арафаи ҷашни бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 261 нафар шаҳрвандоне, ки ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан гузаронида, аз кирдори худ сидқан тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, авф карда шуданд.
Бинобар фармон аз муассисаҳои иҷрои ҷазо 215 нафар озод гардида, ба назди оила ва наздикони худ бармегарданд, ҳамчунин муҳлати ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан, ки нисбат ба 46 нафар таъин шудааст, кам карда мешавад.
5 нафари омурзидашудагонро шахсони синну солашон аз 60 боло ташкил медиҳад, 135 нафар шахсоне мебошанд, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок кардаанд.
Мувофиқи фармон ба вазорату идораҳои масъул супурда шуд, ки ба омурзидашудагон барои обсозиши иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати фоиданок, интихоб кардани тарзи ҳаёти солим ва мақоми сазовори худро пайдо карданашон дар ҷомеа кӯмак расонанд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: