ДАР БОРАИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ ИЛОВАГӢ БАРОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ САЙЁҲӢ, МАДАНИЯТ, МЕРОСИ МАДАНӢ ВА ВАРЗИШ

Бо мақсади тезондани рушди инфрасохтори сайёҳӣ, маданӣ, мероси маданӣ ва варзиш, босамар истифода бурдан аз объектҳо, фароҳам овардани шароити муносиб ба аҳолӣ ва ҳамчунин бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2021 №ФП-6199 «Дар бораи чорабиниҳои минбаъдаи такомули низоми идораи давлатӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва мероси маданӣ» ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2021 №ҚП-5054 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати сайёҳӣ ва варзиш»:

Бо мақсади тезондани рушди инфрасохтори  сайёҳӣ, маданӣ, мероси маданӣ ва варзиш, босамар истифода бурдан аз объектҳо, фароҳам овардани шароити муносиб ба аҳолӣ ва ҳамчунин бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2021 №ФП-6199 «Дар бораи чорабиниҳои минбаъдаи такомули низоми идораи давлатӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва мероси маданӣ» ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2021 №ҚП-5054 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати сайёҳӣ ва варзиш»:
1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки бинобар он дар давраи аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2023 қисми харҷи воҳидҳои фаъолияти сайёҳӣ ва боркашонии авиатсионӣ дар бобати ташкили парвозҳои чартер аз мамлакатҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 10 доллари ИМА, дар давраи мавсими зимистона (аз 20 ноябр то 20 феврал) – дар ҳаҷми 25 доллари ИМА барои ҳар як сайёҳи хориҷӣ дар сурати буду боши он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муддати на камтар аз 5 шаби хоб ҷуброн карда мешавад.
2. Муайян карда шавад, ки аз 1 майи соли 2022 бо мақсади дастгирии ташаббусҳои соҳибкории ҷавонон ба ҳар як ташаббускор грант ба андозаи 50 млн. сӯм, дар маҷмӯъ то 10 миллиард сӯм аз ҳисоби маблағе, ки барои Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш аз буҷети давлатӣ ҷудо мегардад, пешкаш мешавад. Ҳамзамон:
маблағи грант барои ба вуҷуд овардани веб-сайти замонавӣ, ки пардохти онлайн қабул менамояд, иштирок дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳои сайёҳӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ равон карда мешавад;
маблағи грант бо шарти ташкили саёҳат барои на камтар аз 200 нафар сайёҳи хориҷӣ аз мамлакати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли се сол пешниҳод карда мешавад.
Ба муовини Сарвазир  А. А. Абдуҳакимов дар муддати то 1 марти соли 2022 тасдиқ намудани тартиби пешниҳод намудани грант ба соҳибкорони ҷавон супурда шавад.
3. Ба маълумот гирифта шавад, ки бинобар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 августи соли 2021 №ҚП-5232 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирии соҳаҳои хӯроквории ҷамъиятӣ ва сайёҳӣ» ба муддати то 1 сентябри соли 2023 таҳвил ва пардохти молиёти сайёҳӣ (меҳмонхонадорӣ) боздошта мешавад, ки манбаи асосии молиявии Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш ба шумор мераванд.
Ба Вазорати молия (Ишметов Т.А.) супурда шавад, ки дар давраи аз 1 феврали соли 2022 то 1 январи соли 2023 ҳар моҳ ҷудо намудани трансферти иловагиро дар ҳаҷми 2,5 миллиард сӯм ба Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намояд.
4. Ба Вазорати сайёҳӣ ва варзиш (Абдуҳакимов А.А.):
а) маблағе, ки бинобар банди 3-юми Фармони мазкур ҷудо карда мешавад, ба мақсадҳое, ки дар тартиби истифодаи маблағи Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш муайян карда шудааст, равон карда шавад, ки тайёрии боздиди сайёҳон ва ташвиқи объект ва марказҳое, ки дар минтақаҳо молики потенсиали сайёҳӣ мебошанд, бо андешидани чорабиниҳои аввал, иштирок дар ярмаркаҳои хориҷии сайёҳӣ ва варзишӣ, намоишгоҳҳо, лоиҳа ва барномаҳо, рағбатноксозии моддӣ ва дастгирии иҷтимоии ходимони вазорат ва зершуъбаҳои ҳудудии он ва ҳамчунин барқарор намудани назорати ҷиддӣ аз болои истифодаи мақсаднок ва босамари онро фаро мегирад.
Ҳамзамон рағбатноксозии иловагии ходимони Вазорати сайёҳӣ ва варзиш ва зершуъбаҳои ҳудудии он аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш вобаста ба самаранокии фаъолияти онҳо (KPI) ва натиҷаҳои ноилгардидаашон ба амал татбиқ мегардад;
б) ба Вазорати молия ҳисобот дар бораи дохил гардидани маблағ ба Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш ва дар бораи истифодаи он дар ҳар се моҳ пешниҳод карда шавад.
Ба зиммаи муовини вазири сайёҳӣ ва варзиш Қазоқов З.О. масъулияти шахсӣ барои тартибдиҳӣ ва пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи дохил гардидани маблағ ба Фонди дастгирии сайёҳӣ ва варзиш ва дар бораи истифодаи он гузошта шавад;
в) якҷоя бо Вазорати молия дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон пешниҳодот дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2022», ки аз Фармони мазкур бармеояд, пешниҳод намояд.
5. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар иловаи №1 тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд.
6. Баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар иловаи №2 аз эътибор соқит карда шавад.
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов  ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  А.А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
15 январи соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: