ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ВАСЕЪМИҚЁСИ ӮЗБЕКИСТОН БО ЗАБОНИ ПОЛЯКӢ

Маҷаллаи махсус таҳти унвони «Ӯзбекистони Нав: динамикаи рушд дар давраи ислоҳотии бунёдӣ» аз ҷониби сафорати Ӯзбекистон омода шуда, аз ҷониби нашриёти «REA» ва консерни табъу нашри «DrucarniaSkleniarz» ба забони полякӣ нашр шуд.

Нашр ба 31-умин солгарди истиқлолияти кишварамон бахшида шудааст. Дар он ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар тӯли шаш соли охир дар кишвар анҷом дода мешавад, инъикос ёфтааст, ки натиҷаи онҳо асоси сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистони Навро ба вуҷуд меорад.
Дар маҷалла таҳлили Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки ба пешрафти устувори кишвар нигаронда шуда, ба тамоюли давлати иҷтимоӣ асос ёфтааст, оварда шудааст.
Ба масъалаи гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, такмил додани низоми сиёсӣ ва маъмурӣ, назорати парлумонӣ, рушди институти замонавии маҳалла таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Ташаббусҳои нави сарвари давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузории маъмурӣ, ҷиноӣ, шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ нишон дода шудааст.
Оид ба дастгирии пайвастаи оила, занон ва ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо чораҳои алоҳида андешида шудаанд.
Бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ташаккул ёфтаанд, ба масъалаҳои рушди технологияи рақамӣ, стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ-2030», инноватсияҳои IT, офаридани энергетикаи «сабз», татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» таваҷҷуҳ дода шудааст.
Боби махсус ба иқтисодиёт – драйвери асосии рушди Ӯзбекистон, озодгардонии минбаъдаи он, такмил додани рақобат, аз байн бурдани монополияҳо, ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ, ба эътидол овардани нархҳо ва ғайримарказикунонӣ бахшида шудааст, ки ба минтақаҳо ваколатҳои зиёд медиҳад. Комёбиҳо дар рушди раги нақлиётӣ, аз он ҷумла байналмилалӣ, дар доираи стратегияи нави нақлиёти Ӯзбекистон ифода ёфтаанд. Комёбиҳои нав дар сектори аграрии кишвар, ки дар он ҷо технологияҳои рақамӣ бо шиддат ҷорӣ карда мешаванд, нишон дода шуданд.
Дар маҷалла инчунин доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди таълим, фарҳанг, илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш дар Ӯзбекистони Нав дар асоси омӯзиши амиқ ва таблиғи васеи мероси ғании ниёгони бузург маълумот дода мешавад.
Вазъи кунунии амният ва иқтидори мудофиавии Ӯзбекистон, самти замонавии сиёсати хориҷии кишвар, ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, вазъият дар Афғонистон, инчунин ташаббусҳои нави давлат дар самти мазкур кушода дода мешавад.
Алоҳида қайд карда мешавад, ки дар солҳои охир таърихи нави Ӯзбекистон офарида мешавад ва ин комёбиҳо барои авлоди оянда ҳамчун мероси муносиб хидмат мекунад.
Теъдоди маҷалла 1 ҳазор нусха мебошад. Ин шумора дар байни доираҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ, тиҷоратӣ, журналистӣ, инчунин зиёда аз 400 ширкати сайёҳии Полша паҳн карда шуд.

АИ «Дунё», 
ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: