6 июн дар Тошканд ҷамъомади ҳафтуми роҳбарони хидматҳои сарҳадии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар он, ки зери раёсати Федератсияи Русия баргузор гардид, намояндагони хидматҳои сарҳадии мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хидмати танзимгари Шӯрои фармондеҳони қисмҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок намуданд.
Ҷамъбасти амалиёти муштараки сарҳадии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ «Ягонагӣ - 2018», ки соли 2018 баргузор гардид, олӣ арзёбӣ шуд.
Инчунин нақшаи омодагӣ ва баргузор намудани марҳалаи якуми амалиёти муштараки сарҳадии хидматҳои сарҳадбони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 «Ҳамбастагӣ – 2019-2021» баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Ташкилдиҳандаи марҳалаи дуюми амалиёти муштараки сарҳадии хидматҳои сарҳадбони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ «Ҳамбастагӣ – 2019-2021» муайян карда шуд.
Нақшаи кори гурӯҳи коршиносони хидматҳои сарҳадбони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2020 тасдиқ гардид.
Ҷой ва муҳлати баргузор намудани ҷамъомади ҳаштуми роҳбарони хидматҳои сарҳадбони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ муҳокима ва мувофиқа гардид.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки табодули афкори касбӣ ва таҳияи мавқеъҳои умумӣ дар заминаҳои муқовимат бар зидди ситеза ва таҳдидҳо дар ҳудудҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба рушди ҳамдастии хидматҳои сарҳадбони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат менамояд.
Ҷамъомад дар рӯҳи корӣ ва конструктивӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.