ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

21 июни соли 2021 ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

21 июни соли 2021 ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад. Ба он Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Дар маҷлис бобати 25 июни соли 2021 даъват кардани ҷамъомади шонздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли конфронси видеоӣ баргузор хоҳад шуд, баррасии як қатор масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Дар байни онҳо масъалаҳои такмил додани фаъолияти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи таъмин сохтани ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар мақомоти давлатӣ, таъсис додани Кумитаи оид ба масъалаҳои сиёсати ахбор ва таъмин намудани ошкорбаёнӣ дар мақомоти давлатии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуданд.
Ғайр аз ин муҳокимаи қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омори расмӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ», «Дар бораи судҳо», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2021», «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба минбаъд такмил додани тартиби аксуламал ба даромадҳои легалӣ, ки аз фаъолияти ҷинояткорона ба даст омадаанд» пешбинӣ мегарданд.
Баробари ин баррасии масъала дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Оққӯрғон, Оҳангарон, Бекобод, Бӯстонлиқ, Бӯка, Зангиота, Чирчиқи Боло, Қибрай, Паркент, Пскент, Чирчиқи Миёна, Янгийӯл ва шаҳрҳои Олмалиқ, Чирчиқ, Ангрен, Янгийӯл, Бекободи вилояти Тошканд ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин муҳокимаи масъала бинобар ба Девони Вазирон равона кардани пурсишҳои парлумонӣ дар бораи чораҳои андешидашуда бобати рушди соҳаи донории хун, таъсири норасоиҳое, ки дар иншооти тозакунии канализатсионии ҳудуди ҷумҳурӣ ба миён меоянд, ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин баррасии натиҷаҳои пурсиши парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи коре, ки бобати муваффақ шудан ба мақсадҳои фароҳам овардани инфрасохтор татбиқ мегарданд, кӯмакрасонӣ ба саноатикунонӣ ва инноватсияҳое, ки дар Ҳадафҳо ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030-юм татбиқ мегарданд ва масъалаҳои дигар дар назар дошта шудааст.
Ғайр аз ин муҳокимаи натиҷаҳои омӯзиш, ки аз ҷониби Сенати Олий Маҷлис ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба ҳаллу фасли муназзами мушкилоти занон вобаста ба ҳолат дар маҳаллаҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, дастгирии соҳибкорӣ, таъмин кардани шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани муносибатҳои оилавӣ ва иҷрои чораҳои пешбинишуда дар соҳаи мазкур пешбинӣ гардидааст.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: