ДАР БОРАИ ҶАШНИ ИДИ ҚУРБОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Иди Қурбон, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои олиҷаноби умумиинсонии ба халқамон хос, ба мисли  меҳрубонӣ, меҳру оқибат ва саховатмандиро намоиш медиҳад, ба боз ҳам мустаҳкам шудани ҳисси ҳамҷиҳатӣ, саховатмандӣ ва шукронагӣ дар Ватани азизамон саҳми бебаҳо мегузорад. Бо назардошти аҳамияти ин ҷашни бузург дар ҳаёти маънавии мо ва сазовор истиқбол гирифтани он дар кишвар:
1. Бо дарназардошти қарори Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи  соли ҷорӣ ба санаи 28 июн – чоршанбе рост омадани рӯзи аввали иди Қурбон 28 июни соли 2023 дар кишвар ҳамчун рӯзи иди Қурбон васеъ таҷлил карда шавад.
 2. Ба эътибор гирифта шавад, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои дар сатҳи муносиб таҷлил намудани иди Қурбон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 декабри соли 2022 № ФП-270 «Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2023» барои ҳамаи кормандон, новобаста аз намудҳои ҳафтаи корӣ 29-30 июни соли 2023, барои кормандоне, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд – 1 июл рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ муқаррар карда мешавад.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин ва ташкилотҳои шарик барои дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои  миллии халқи мо гузарондани иди Қурбон чораҳои дахлдор андешанд.
4. Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ якҷоя бо Вазорати нақлиёт барои ташкили зиёрати ҷойҳои муқаддас ва зиёратгоҳҳо барои ҳамватанон дар рӯзҳои иди Қурбон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
 5. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили иди Қурбонро васеъ инъикос намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. М. Комилов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
19 июни соли  2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: