ДАР БОРАИ ҶАШНИ ИДИ РАМАЗОН

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани нақш ва аҳамияти арзишҳои маънавӣ дар ҳаёти ҷомеа, пурзӯр гардондани чунин эҳсосоти дурахшон, аз қабили инсонпарварӣ, шукргузорӣ, таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ, меҳрубонӣ ва шафқат, ки дар мероси ғании илмӣ ва маърифатии гузаштагони бузургамон шуҳрат доранд ва мардуми мо дар тӯли асрҳо арҷ мегузоранд, инчунин муносиб ҷашн гирифтани иди сайиди Рамазон:

1. Бо назардошти қарори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи  дар соли 2021 ба 13 май – панҷшанбе мувофиқ омадани рӯзи аввали иди Рамазон, 13 майи соли 2021 дар кишвар ҳамчун иди Рамазон таҷлил карда шавад.
Ба эътибор гирифта шавад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 майи соли 2021 № ФП-6222 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 декабри соли 2020 таҳти рақами № ФП-6122 «Дар бораи муқаррар кардани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи  ҷашни санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2021» 14-15 майи соли 2021 ҳамчун рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ муқаррар карда шудааст.
2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи дин, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба гузаронидани иди Рамазон мувофиқи анъанаҳои миллӣ ва динии мардуми мо, бо риояи талаботи карантин чораҳои дахлдор андешанд.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба таҷлили иди Рамазонро васеъ равшан намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
10 майи соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: