ДАР БОРАИ ҶОРӢ КАРДАНИ НИЗОМИ МУТТАСИЛ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИХТИСОСИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА ПЕДАГОГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ

Тӯли солҳои охир барои рушди дониши касбӣ, ихтисос ва малакаи кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогии муассисаҳои таълими олӣ (минбаъд – кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ) имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.

Ба раванди таълимии курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос шаклҳои замонавӣ ва технологияҳои таҳсил, аз он ҷумла таҳсили масофавӣ, технологияҳои вебинарӣ, мониторинги автоматиконидашуда, низоми иттилоотии портфолиои электронӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Баробари ин, ба талаботи замон мувофиқат накардан, паст будани самарабахшӣ ва ғунҷоиши захираи тартиби ҷории такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ ба ҷараёни мазкур ҷорӣ намудани муносибатҳои инноватсионӣ, инчунин ба кор бурдани механизмҳои рушди муттасили салоҳияти касбии кадрҳоро тақозо менамояд.
Ба мақсади ба дараҷаи нав бардоштани низоми такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ, дар амал васеъ ҷорӣ кардани шаклҳои замонавии баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, инчунин низоми муттасили фарқкунанда ва муқобили такмили ихтисос, ки натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву педагогиро ба эътибор мегиранд:
1. Таклифоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дигар, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд, дар бораи аз 1 сентябри соли 2019 ҷорӣ кардани низоми муттасил баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ маъқул дониста шавад.
2. Инҳо вазифаҳои асосии низоми муттасил баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ муайян карда шаванд:
ҷорӣ кардани механизмҳои муттасил нав сохтани донишҳои касбӣ, малака ва маҳорати кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ, ба дараҷаи зарурӣ мувофиқи талаботи замон барои таъмин кардани сифати таълими олӣ баланд бардоштани тайёрии касбии онҳо;
таъмин кардани дар амал ҷорӣ намудан ва гузарондани мониторинги шаклҳои бевосита ва бавоситаи ба фаъолияти касбӣ алоқаманди такмили ихтисос дар асоси тамоюлҳои вариантнокӣ ва якдигарро пуркунӣ;
бо назардошти нерӯи илмиву педагогии кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ фароҳам овардани шароит барои интихоби мустақилона ва азхуд кардани шаклҳои муттасил баланд бардоштани ихтисос, ки ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти касбии онҳо нигаронда шудаанд;
инкишофи малакаи кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ дар соҳаи тадқиқотҳои илмӣ ва амалӣ, рушди технологӣ, инноватсияҳо аз рӯи фане, ки дарс медиҳад, инчунин усулҳои замонавии ташкили ҷараёни таълим дар асоси муттасил баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо;
мунтазам нав кардани талаботи квалификатсионӣ, нақшаву барномаҳои дарс оид ба баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ бо васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии пурмаҳсули таълимӣ ва инноватсионӣ, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ташкил ва таъмин кардани самарабахшии фаъолияти онҳо дар дараҷаи зарурӣ;
дар кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ ривоҷ додани малакаҳои донистани технологияҳои пешқадами педагогӣ, ахбору коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ ва ба ҷараёни таълим бо истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет, шабакаи мультимедӣ ва усулҳои таълими масофавӣ фаъол ҷорӣ намудани онҳо;
баланд бардоштани дараҷаи забонҳои хориҷиро амалан азхуд кардани кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ, фароҳам овардани шароит барои ривоҷи муттасили маҳорати касбӣ, самарабахшии фаъолияти педагогӣ ва илмии онҳо.
3. Муқаррар карда шавад, ки муттасил баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ шаклҳои зеринро фаро мегирад:
мустақилона баланд бардоштани малака бинобар ихтисос;
такмили ихтисоси муқобил;
бевосита таҳсил гирифтан дар муассисаҳои махсус оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар асоси барномаи таълим.
Бо ин ба кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ, бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти касбӣ, таълимиву услубӣ ва илмиву педагогиашон имконияти интихоб кардани шакли муқобили такмили ихтисос ё ки таҳсил дар асоси барномаи таълимӣ дода мешавад.
4. Ба таклифоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва саноат ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 сентябри соли 2019 татбиқ намудани чорабиниҳо, ки инҳоро ба назар мегиранд, маъқул дониста шавад:
муқаррар намудани давомнокии умумии таҳсили мустақим (бевосита) бо ҷудо шудан аз кор дар дарсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ дар ҳаҷми 144 соат;
дар марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ созмон додани кафедраҳои технологияҳои таълим бо миқдори на кам аз 3  воҳиди штатӣ, ки бо назардошти шумораи профессорону омӯзгорон муқаррар карда мешаванд;
то 30 фоиз иловапулии ҳармоҳа муқаррар намудан ба моҳонаи вазифаи базавии профессорону омӯзгорон, мутахассис-амалиётчиёни пуртаҷриба, ки дар марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ  самарабахш сабақ медиҳанд, бо назардошти таҳлили фаъолияти онҳо, инчунин рағбатноксозии моддии профессорону омӯзгорони соҳибихтисос, мутахассис-амалиётчиёни пуртаҷриба, ки ба гузарондани машғулот дар шартҳои пардохти меҳнати соатбай ҷалб карда мешаванд, бо роҳи то 30 фоиз  баланд бардоштани миқдори пардохти соатбайи онҳо;
ташкил кардани таҳсил дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ – ба шахсони синну соли нафақа, занони кӯдакони то 3-сола дошта, инчунин шахсони ногиро дар шакли масофавӣ;
додани иловапулӣ дар ҳаҷми то 200 фоизи разряди тасдиқшудаи музди меҳнат бинобар Ҷадвали ягонаи тарифӣ ба моҳонаи вазифагии кормандони марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ, ки аз расондани хидматҳои иловагии таълимӣ ба марказҳои мазкур гирифта шудаанд;
ҷорӣ кардани ихтисос бинобар ҳамкории байналхалқӣ дар сохтори марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогии минтақавӣ ва соҳавии муассисаҳои таълими олӣ.
5. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ миқдор ва шартҳои додани музди меҳнати кормандони марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогиро бо назардошти талаботи Фармони мазкур аз нав дида баромада, тасдиқ кунад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои татбиқи Фармони мазкур дар доираи параметрҳои тасдиқшудаи хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2019 маблағи заруриро ҷудо намояд, аз соли 2020-ум сар карда ҳар сол дар андозаҳои Буҷаи давлатӣ бомаблағтаъмикунии заруриро пешбинӣ намояд.
7. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як ҳафта бо назардошти вазифаҳое, ки дар Фармони мазкур муайян шудаанд, қарор қабул намояд, ки тартиби ташкили ҷараёни муттасил баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогиро пешбинӣ менамояд.
8. Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 июни соли 2015 № ФП-4732 «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогии муассисаҳои таълими олӣ» мувофиқи замима тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
27 августи соли 2019. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: