ДАР БОРАИ ҶОРӢ КАРДАНИ НИЗОМИ СИФАТАН НАВИ КОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2019 № ФП-5644 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир бобати баланд бардоштани масъулияти Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои татбиқи самарабахши вазифаҳои стратегии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат»:

1. Дар сохтори иҷроияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Девони Вазирон/Ҳукумат):
вазифаҳои муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – роҳбарони маҷмӯъҳо оид ба ҷабҳаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоиёт, инчунин дастгоҳи онҳо (котибият);
Департаменти якҷояи иттилоотиву таҳлилӣ оид ба масъалаҳои таҳлили макроиқтисодӣ ва пешгӯикунӣ, ислоҳсозии низоми молияву бонк, рушди соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд;
департаментҳои иттилоотиву таҳлилӣ бинобар маҷмӯъҳо, соҳа ва ҳудудҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат  барҳам дода шаванд.
2. Дар сохтори иҷроияи Девони Вазирон вазифаҳои зерин ҷорӣ карда шаванд:
муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои сармояҳо ва равобити иқтисоди хориҷӣ;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ;
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Кумитаи занони Ӯзбекистон;
мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди саноати сӯзишвориву энергетикӣ ва соҳаҳои базавӣ;
мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди соҳаҳои аграрӣ ва озуқаворӣ.
3. Сохтори иҷроияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 1 бо теъдоди ниҳоии 178 нафар тасдиқ карда шавад.
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарурат барои ворид намудани тағйирот ба сохтори иҷроияи Девони Вазирон дар доираи миқдориумумии штатии кормандони он бо назардошти муҳим будани танзими масъалаҳо  ва ҳаллу фасли вазифаҳои устувор ҳуқуқ дода шавад.
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов дар муҳлати як ҳафта ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мувофиқсозии сохтори зершуъбаҳои дастгоҳи Девони Вазирон бо ба онҳо вобаста намудани вазорат, идора ва дигар созмонҳои  масъул таклиф тақдим намояд.
4. Муқаррар карда шавад. ки:
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқати умумии фаъолияти вазорат, кумитаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигари идоракунии давлатиро ба мақсади таъмин кардани муваффақ шудан ба вазифаҳои мақсаднок, ки дар назди Ҳукумат гузошта шудаанд, амалӣ менамояд, бинобар зиддиятҳои ба миёномада қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон мониторинги ҷараёни аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ иҷро гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дархостҳои парлумонӣ ва депутатӣ, қарору супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин таҳлили доимии вазъи воқеии кор дар маҳалҳо, баррасии ҳамаҷонибаи мушкилот дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ва дар ин асос коркарди маҷмӯи таклифотро оид ба татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва устувор амалӣ менамоянд. Дар ин маврид  ба дахолати онҳо ба фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳангоми ҳаллу фасли вазифаҳои гузошташуда роҳ дода намешаванд;
мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркарди пухта, экспертиза ва тайёркунии таклифотро ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар самту масъалаҳои дахлдор, ки ба ваколаташон дахл доранд, таъмин менамоянд, инчунин барои ин шахсан ҷавобгар мебошанд;
вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идораи давлатӣ барои коркарди хушсифат ва ҳамаҷонибаи таклифот, ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва дигар, ки ба Девони Вазирон дароварда мешаванд, аз он ҷумла лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин барои натиҷаҳои ниҳоӣ ва оқибатҳои татбиқи онҳо шахсан ҷавобгар мебошанд;
дар як вақт ба аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳбарӣ намудан ба ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ширкатҳо, инчунин ташкилотҳои дигари ҳиссаи давлатидошта роҳ дода намешавад;
мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар мутобиқати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешаванд.
5. Самтҳои асосии баланд бардоштани самарабахшӣ ва натиҷабахшии кори муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгоҳи Девони Вазирон татбиқи низомноки вазифаҳои зерини устувор пиндошта шаванд:
куллан аз нав дида баромадани вазифаву ваколатҳои муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбарони зершуъбаҳои сохтории дастгоҳи Девони Вазирон, бо назардошти ба мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо додани як қисми вазифаҳои онҳо;
баланд бардоштани масъулияти шахсии муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарони зершуъбаҳои сохтории Девони Вазирон барои асоснокии таклифу лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо, ки ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим мегарданд, самарабахшии татбиқи супоришоти мазкур ва қарорҳои қабулшуда, инчунин натиҷаҳои дар қитъаҳои дахлдори кор ба дастовардашуда;
баланд бардоштани дараҷаи касбии роҳбарон ва мутахассисони зершуъбаҳои сохтории дастгоҳи Девони Вазирон, мустаҳкам кардани интизоми иҷроия дар тамоми дараҷаҳо, такмил додани низоми экспертиза ва тайёркунии лоиҳаҳои ҳуҷ-ҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии идоракунӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ.
Девони Вазирон дар муҳлати як моҳ бинобар татбиқи банди мазкур таклифоти дақиқ тақдим намояд. 
10. Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов дар муҳлати даҳ рӯз Нақшаи амалиёти иҷрои талаботи қарори мазкурро тасдиқ намояд, дар ин бобат ба татбиқи супоришоти зерин эътибори алоҳида диҳад:
а) ворид намудани таклифот оид ба номзадҳо ба вазифаи мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
б) тасдиқ кардани ҷадвали навшудаи штатии дастгоҳи Девони Вазирон;
в) тасдиқ намудани вазифаҳои функсионалии муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мушовирони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин вазифаҳои дигаре, ки бо қарори мазкур ворид карда мешаванд;
г) коркард ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани Регламенти Девони Вазирон, ки муносибгардонии хеле муҳими муҳлатҳо ва механизмҳои дохил кардан, барррасӣ намудан ва ахбор додан оиди лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва масъалаҳои дигарро ба назар мегирад, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва созмонҳои дигар тақдим менамоянд,  инчунин ташкил кардани баргузории ҷамъомадҳои Ҳукумат, Президиуми он ва қабули қарорҳо бино бар ҷамъбасти онҳо, аз он ҷумла дар онҳо ба назар гирифтани тартиботи зерин:
ташаккул додани рӯзномаи ҷамъомади Девони Вазирон ва Президиуми он бо нишон додани муҳлати баргузор намудани онҳо;
иҷрои вазифаҳое, ки дар назди Ҳукумат, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идораи давлатӣ гузошта шудаанд, аз он ҷумла аз нишондиҳанда ва индикаторҳои мақсадноки самарабахшии фаъолияти онҳо асос ёфтаанд;
омӯхтани афкори ҷамъиятӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва манбаъҳои дигар, аз он ҷумла бо баромадан ба маҳалҳо, барои андешидани чораҳои дахлдор бино бар фактҳои аниқ;
маъқул донистани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, ки ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тартиби ташаббуси қонунгузории Ҳукумат ворид карда мешаванд;
ташкил кардани самарабахшии иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дархостҳои парлумонӣ ва депутатӣ, қарор ва супоришоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин назорати иҷрои онҳо;
дар воситаҳои ахбори оммавӣ равшан намудани ҷамъомади Девони Вазирон ва Президиуми он, ҷалб намудани ҷомеа ба муҳокимаи мушкилоти ҳалшаванда ва арзёбии фаъолияти Ҳукумат;
д) коркарди Низом дар бораи дастгоҳи Девони Вазирон, ки вазифа, ваколат, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти тамоми зершуъбаҳои онро муфассал кушода медиҳанд;
е) барои мувофиқат ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани таклифот бино бар ҳамкорӣ бо институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешомаднок ва барномаҳо дар соҳаи фаъолияти Ҳукумат;
ж) пурра гардондани дастгоҳи Девони Вазирон бо назардошти талаботи замонавӣ ба мутахассисони соҳибихтисос, ки қодиранд дар дараҷаи баланди касбӣ татбиқи самарабахши вазифаҳоро дар иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва маданиву гуманитарӣ таъмин намоянд.
11. Аз банди шашуми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июли соли 2018 №ҚП-3825 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани сохтор ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти дастгоҳи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» суханони «ба ғайр аз Сарвазир ва муовинони он, Идоракунандаи дастгоҳ ва муовинони он» хориҷ карда шаванд. 
12. Баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №4 беэътибор дониста шаванд. 
13. Вазорати адлия дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд,  таклифот тақдим намояд.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
28 январи соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: