Ба Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи кори ривоҷ додани спорти оммавӣ ва вусъат додани ҳаракати олимпӣ маълумот тақдим гардид.
Дар мамлакати мо варзиш ҳамчун омили муҳими таҳкими саломатии аҳолӣ ва тарбияи насли солим ба таври васеъ инкишоф меёбад. Барои ин инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст, ки аз варзишгоҳҳо, толорҳои тамринӣ ва майдончаҳои варзишӣ, роҳравҳо, мактабу маҷмааҳои варзишӣ иборат аст.
Ба туфайли тарбияи ҷисмонӣ дар маҳаллаҳо, мусобиқаҳои вилоятӣ, олимпиадаи "Панҷ ташаббус" сафи дӯстдорони спорт торафт меафзояд. Дар баробари ин, ҷавонони боистеъдод ва умедбахш хоста гирифта, варзишгарони соҳибихтисос тарбия карда мешаванд.
Дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ дар ин самт вазифаҳои зиёде муайян шудаанд. Мутобиқи онҳо муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти ибтидоии варзишӣ таъмин карда мешаванд. Мӯҳлати истифодабарии стадионҳо ва дигар майдончаҳои спортӣ дар маҳаллаҳо дароз карда шуд. Бо мақсади ҷалби 10 миллион нафар аҳолӣ ба варзиши оммавӣ дар маҳалҳо марафонҳо ва мусобиқаҳои футбол, волейбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка, давидан, кураш гузаронида мешаванд.
Инчунин кор оид ба васеъ гардондани шароит барои шуғлварзӣ бо варзиш дар минтақаҳо, рақамисозии равандҳои селексионӣ, азхудкунии таҷрибаи пешқадам таъкид гардид.
Ба Сарвари давлат ҳамчунин доир ба рафти омодагӣ ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ маълумот дода шуд.
Тавре маълум аст, ин мусобиқаи бонуфуз аз 26 июл то 11 август дар пойтахти Фаронса - Париж баргузор мешавад. Дар он беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 206 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Ӯзбекистонро дар ин мусобиқа 90 варзишгар дар 19 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. Ба ғайр аз намудҳои спорте, ки варзишгарони мо аз рӯи анъана пурқувват мебошанд, имсол бори аввал онҳо оид ба футбол, ҷаҳидан ба об, камонварӣ, гӯштини занон соҳиби роҳхат шуданд. Илова бар ин, 36 дарсади олимпичиёни Ӯзбекистонро занон ташкил медиҳанд.
Дастаҳои мо ба бозиҳои дарпешистода дар сатҳи баланд омодагӣ диданд. Барои ҳар як варзишгар стратегияи инфиродӣ қабул гардида, иштироки онҳо дар мусобиқаҳои интихобӣ, чорабиниҳои омӯзишиву тамринии маҳаллӣ ва хориҷӣ таъмин карда шуд. Дар 15 маркази олимпӣ ва паралимпӣ ва пойгоҳҳои варзишии минтақаҳо барои тамрин шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Варзишгарон низ мунтазам аз муоинаи тиббии амиқ гузаронида шуда, ҷиҳати таъмини тиббию биологӣ ва фармакологӣ тадбирҳои мунтазам андешида шуданд.
Сарвари давлат ба варзишгарони мо дар Бозиҳои олимпӣ комёбӣ таманно намуд. Ба масъулин оид ба интихоб ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ташаккули захираи сифатноки дастаҳои мунтахаби кишвар дастуру супоришҳо дода шуд.