ДАР БОРАИ КОРВОНСАРОЙИ РАБОТИ МАЛИК ВА САРДОБАИ ОН ЧӢ МЕДОНЕД?

Корвонсаройи работи Малик яке аз дурдонаҳои меъмории ноёби даврони Қарохониён буда, дар ҳудуди вилояти ҳозираи Навоӣ, дар шоҳроҳи Навоӣ – Кармана, атрофи роҳи корвони қадимае, ки аз нав барқарор шудааст, ҷойгузин мебошад.

Маҷмӯи таърихии мазкур дар солҳои 70-уми асри XI аз тарафи шоҳи Қарохониён Шамсулмулк Наср ибн Иброҳим сохта шудааст.
Чи тавре ки дар манбаъҳои таърихӣ дарҷ гардидааст, Шамсулмулк дар байни мардум ҳамчун ҳукмфармои адолатпеша ном бароварда буд. Баҳри осоиштагии мардум ҳарбиёнро дар маконҳои аз аҳолӣ дур нигоҳ медоштааст ва онҳоро даъват мекардааст, ки ба халқ ҷабру ситам накунанд. Маълумотҳое низ дастрас шудааст, ки худи ӯ дар ҳолатҳои зиёд дар работҳои берун аз шаҳр зиндагӣ кардааст. Ӯ дар барпо кардани работ дар назди роҳҳои калон ва ороиши иморатҳои зебо дар ҳудуди мамлакати худ эътибори алоҳида медод. Маҷмӯи работи Малик яке аз инҳо ба шумор меравад. Дар даврони гузашта аз корвонсаройи мазкур нафақат ба сифати истгоҳи корвон, ҳамчун иншооти ҳифзи ҳудуд аз душманон низ истифода мебурданд.
Корвонсаройи работи Малик он вақт аз ҳавлии чорсӯ, толори калон барои машварату чорабинӣ ва савдои музояда ва ҳуҷраҳо иборат буд. Ба он аз дарвозаи пештоқдори тарафи ҷануб  медаромаданд. Майдони умумии корвонсарой 400 метр кв. буда, дар он дар 10 қатор 6-тоӣ сутунҳои дари диаметраш аз як метр зиёд насб шудаанд. Ҷойи сутунҳо то ҳол нигоҳ дошта шудааст. Иншооти мазкур яке аз корвонсаройҳои калони Осиёи Марказӣ буда, дар ин ҷо аҷдод бо ивази маҳсулоти ҳунармандии зардӯзӣ, санг ва мармари худ бо маҳсулоти хориҷ ва хариду фурӯши он машғул мешуданд.
Дуртар аз работ зери гунбаде, ки диаметраш 13 метр аст, ҳамзамони корвонсарой – сардоба ҷойгир шудааст. Гирди девори ҳавзи сардоба аз рӯйи замин то 12 метр дар чуқурӣ бо хишти пухта сохта шуда, дар он тӯли тобистон оби тоза нигоҳ дошта мешуд. Корвонсарою сардоба ҳам барои роҳравони танҳо ва ҳам барои корвони калон ҳамчун истгоҳ ҳисоб мерафт.
Корвонсаройи работи Малик ва сардобаи он, ки қадамҷойи шахсони бузург Баҳоуддин Нақшбанд, Мавлоно Орифи Деггаронӣ, Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Алишери Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур мебошад, то асри XVIII ба мардум хидмат кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: