ДАР БОРАИ ЛОИҲАҲОИ СОҲАИ КОММУНАЛӢ МАЪЛУМОТ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи ҳисобот дар бобати корҳои ҷорӣ дар хусуси такомули хидмати коммуналӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ шинос гардид.

Дар мамлакатамон қариб 39,7 ҳазор бинои бисёрҳуҷра вуҷуд дорад. Ширкатҳои идоракунанда ва хидматрасонӣ бо мақсади хидматрасонии босифат барои аҳолӣ ташкил карда мешавад. Дар аввали соли ҷорӣ чунин ташкилотҳо 324-то бошад, ҳоло миқдори онҳо ба 766-то расидааст. Ҳамин тариқ, ба беш аз 36 ҳазор ё худ 92 фоизи биноҳои бисёрошёна аз ҷониби ширкатҳои идоракунанда ва хидматрасонӣ хидмат расонда мешавад.
Танҳо соли ҷорӣ онҳо ба миқдори 262 миллиард сӯм ба сохтмон ва таъмир, хариди мошин ва таҷҳизот сармоягузорӣ кардаанд. Дар ширкатҳои нав қариб 14 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд.
Маълумот ва ҳисобу китоб оид ба квартираҳо ба низоми биллинги «Хонаи ман» дохил карда шудааст. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ аз тариқи низоми мазкур ба миқдори 206 миллиард сӯм пардохт ба амал оварда шудааст.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар соҳа бо гармӣ таъмин намудани манзилҳо ба шумор меравад. Бинобар ин дар минтақаҳо лоиҳаҳои адреснок татбиқ карда мешаванд.
Беш аз нимаи биноҳои бисёрҳуҷра низоми мутамарказ ва инфиродии таъмини гармиро моликанд. Боқимонда бо бухорӣ, василаҳои электрикӣ ё худ дигар таҷҳизот гарм карда мешаванд.
Дар ихтиёри Вазорати хидматрасонии иқомативу коммуналӣ 495 дегхона мавҷуд аст. Солҳои 2018-2021 47 дегхона ва 78 километр шабакаи гармидиҳӣ таъмир карда шуд. Имсол боз 24 дегхона ва 182 километр шабака дар чунин шаҳрҳо мисли Бухоро, Самарқанд, Қаршӣ, Ҷиззах, Намангон, Асака нав карда шуданд. Дар натиҷа бо энергияи гармӣ 70 ҳазор хонавода ва 113 объекти иҷтимоӣ таъмин гардиданд.
Умуман дар натиҷаи чунин лоиҳаҳо дараҷаи таъминоти биноҳои бисёрошёна бо гармӣ афзуд. Сарфаи солонаи захираи энергия 130 миллион метр мукааби гази табиӣ ва 1,2 миллион киловатт-соат энергияро ташкил менамояд.
Ба сифати муттасил идома додани ин кор дар доираи барномаи сармоягузорӣ дар соли 2023 сохтмони 3 дегхона, таъмири 10 дегхона ва идома додани шабакаҳои нави гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар бобати мутамарказонии таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ корҳои васеъ ба амал меоянд. Имсол 527 объект сохта ва қариб 7 ҳазор километр қубури об хобонда шуд. Дар аввали сол дараҷаи таъминоти  аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 70 фоизро ташкил намуд ва то охири сол то 74 фоиз расондани ин нишондод ба нақша гирифта шудааст.
Дар қисмати маҳалҳои аҳолинишин аз 9309 маҳалла 3800-тоаш бо оби таъминоти мутамарказ пурра фаро гирифта шуда, қариб 4 ҳазораш қисман фаро гирифта шудааст. Дар бобати расонда додани об ба деҳоти дурдаст ва хобондани шабака чорабиниҳо андешида мешавад. Аз он ҷумла, соли 2023 ба истифода андохтани 62 объект  дар доираи Барномаи сармоягузорӣ ва 373 объект дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷа сифати оби ошомидании беш аз 3 миллион нафар аҳолӣ дар 403 маҳалла беҳтар гардида, 181 маҳалла ба шабакаҳои об бори аввал васл мегарданд.
Инчунин аз тариқи фармоиши иҷтимоии давлат лоиҳаҳои таъмини маҳаллаҳо бо оби ошомиданӣ, ки аз марказҳои ноҳияҳо дур ҷойгиранд, ба амал татбиқ мегарданд. Соли оянда ба 17 чунин деҳа гузарондани 251 километр қубури об дар назар дошта шудааст.
Роҳбари давлат аҳамияти ин корҳоро барои сифати ҳаёт ва саломатии аҳолӣ таъкид карда, вазифаҳои иловагӣ супурд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: