Мақсад ва вазифаҳои рушди фаъолияти ахбору китобхона дар шароитҳои замонавии ислоҳсозии соҳаи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ бояд ба дигаргуниҳое, ки дар мамлакат рух медиҳанд ва таҷрибаи байналхалқӣ мувофиқат намоянд.
Ба ин муносибат ташаккул додани низоми сифатан нави хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ, ки ҳуқуқи конститутсионии озодона аз ахбор истифода бурдани шаҳрвандон, аз он ҷумла баҳраманд гардидан аз арзишҳои миллӣ ва маданияти ҷаҳонӣ, донишҳои амалӣ ва асосиро таъмин мекунад, нигоҳ доштан ва ғанӣ гардондани мероси миллии маданӣ, ки дар китобхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, такмили ташкил кардани фаъолияти муассисаҳои ахбору китобхона дар асоси васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба вазифаи устувор табдил меёбад.
Ин имкони таъсири муҳим расондан ба фаъолияти ахбору китобхона, хидматрасонӣ ба китобхонон, пур кардан ва беосеб нигоҳ доштани фондҳо, автоматиконии ҷараёни китобхонаҳо, фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкиливу услубӣ, тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва рағбатноксозии кадрҳо, рушди ҳамкории байналхалқиро фароҳам меорад.
Бо мақсади минбаъд такмил додани хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ, рушди фаъолияти муассисаҳои ахбору китобхона:
1. Инҳо дар соҳаи минбаъд сифатан ривоҷ додани хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ вазифаҳои асосӣ муайян карда шаванд:
ислоҳсозии фаъолияти ахбору китобхона бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва тамоюлҳои замонавии умумиҷаҳонӣ;
такмил додани пойгоҳи меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади хушсифат таъмин кардани кафолатҳои иҷтимоии аҳолӣ ба хидматрасонии ахбору китобхона ва рушди фаъолияти муассисаҳои ахбору китобхона;
кӯмак ба рушди устувори хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ дар минтақаҳо;
мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои ахбору китобхона, аз он ҷумла сохтмони бинову иншооти нав, таҷдиди китобхонаҳои мавҷуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардондани онҳо;
рушди шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи китобхона, шабакаи китобхонаҳои хусусӣ ва электронӣ (виртуалӣ);
васеъ гардондани ҳамкорӣ бо интернет-захираҳо, ки ба паҳн намудани китобҳои электронӣ барои баланд бардоштани самарабахшии кори китобхонаҳо ва хидматрасонии фаврӣ (аз он ҷумла пулӣ) ба истифодабарандагон махсусонида шудаанд;
таъмин кардани бехатарии муассисаҳои ахбору китобхона ва маҳфузияти фондҳои ахбору китобхона ҳамчун қисми мероси мадании миллӣ ва ҷаҳонӣ;
ташаккул додан ва баланд бардоштани маданияти иттилоотии ҷамъият, шавқу завқи устувор ба таърихи миллӣ ва фарҳанг, баланд бардоштан ва тарғиби маданияти мутолиа;
бо мутахассисони баландихтисос пурра гардондани муассисаҳои ахбору китобхона.
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
а) Консепсияи рушди соҳаи ахбору китобхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2024 мувофиқи замимаи № 1;
б) Барномаи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи ахбору китобхона дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2024 мувофиқи замимаи № 2;
в) сохтори ташкилии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ – маркази ахбору захира мувофиқи замимаи № 3;
г) сохтори дастгоҳи раёсати Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ – маркази ахбору захира (минбаъд – Китобхонаи миллӣ) бо ҳадди аксари кормандон ба миқдори 227 адад мувофиқи замимаи № 4.
Ба директори Китобхонаи миллӣ ҳуқуқи ҳангоми зарурат ворид намудани тағйирот ба сохтори дастгоҳи раёсати Китобхонаи миллӣ дар доираи миқдори умумии муқарраршудаи кормандон ва фонди музди меҳнат дода шавад.
3. Таклифи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Агентӣ), Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо, Вазорати молия дар бораи ба Фонди ғайрибуҷавии рушди муассисаҳои ахбору китобхонаи назди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ – маркази ахбору захира (минбаъд – Фонд) ҷудо намудани ду фоиз аз ҷамъи маблағе, ки ба Фонди рушди технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ мерасанд, маъқул дониста шавад.
4. Таклифи Агентӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати таълими халқ, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар бораи дар назди Китобхонаи миллӣ таъсис додани 186 маркази ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ахбору китобхона, инчунин барҳам додани тамоми марказҳои ҳоло амалкунандаи ахбору захираи назди мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар;
дар бораи ба марказҳои аз нав созмон додашавандаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ахбору китобхона додани фондҳои китоб ва воҳидҳои штатии марказҳои барҳамдодашавандаи ахбору захираи мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар;
дар бораи нигоҳ доштани китобхонаҳои мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар бо фондҳои дахлдори китоб ва воҳидҳои штатӣ мувофиқи меъёрҳои дарамал ҳангоми барҳам додани марказҳои ахбору захира маъқул дониста шаванд.
5. Инҳо вазифаҳои асосии марказҳои аз нав созмон додашавандаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ахбору китобхона муайян карда шаванд:
фароҳам овардани шароити сифатан нав ва қулай барои хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ, қонеъ гардондани манфиатҳои илмӣ, таълимӣ, иттилоотӣ ва мадании онҳо дар асоси технологияҳои замонавии иттилоотӣ;
фароҳам овардани шароит барои аз ахбор истифода бурдани табақаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ чун усули мувофиқгардии иҷтимоӣ ва реабилитатсия, имкониятҳои мустақил таълим гирифтан ва васеъ гардондани ҳудуди мулоқот;
ба истифодабарандагон додани дастрасии васеъ ба манбаъҳои хушсифати иттилоот дар ҳар гуна паҳнкунанда (чопӣ, мултимедӣ ва рақамӣ) аз он ҷумла шабакаи Интернет;
таъмин кардани аз хидматрасонии анъанавии китобхона гузаштани китобхонон ба мушоиати ахбору китобхона бо роҳи созмон додани захираҳои худии ахбор бо таъмин намудани хушсифат пурра гардондани онҳо;
ривоҷ додан ва навсозии хидматҳои масофавӣ бинобар хидматрасонии ахбору китобхона ба аҳолӣ.
6. Агентӣ:
дар муҳлати як моҳ оид ба ҷойгир намудан ва бо компутер ва оргтехникаи дигар, мебел, аз он ҷумла, мебелҳои махсус, инчунин таҷҳизоти зарурии китобхона муҷаҳҳаз гардондани марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) талабот таҳия намояд, дар ин бобат ба муҷаҳҳаз гардондани толорҳои мутолиа бо таҷҳизоти махсуси компутерӣ ва дигари воситаҳои ёрирасон барои хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд эътибори алоҳида диҳад;
якҷоя бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шабакаи интернет пайваст намудани марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва дастрасиро ба захираҳои электронии Китобхонаи миллӣ таъмин намояд;
дар муҳлати ду моҳ якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон регламенти фаъолияти марказҳои ахбору китобхонаро таҳияву тасдиқ намуда, аз он ҷумла хидматрасониро ба аҳолӣ дар тартиби дарозшуда пешбинӣ намояд;
оид ба афзун гардондани даромади ғайрибуҷаи марказҳои ахбору китобхона, аз он ҷумла бо роҳи васеъ гардондани номгӯйи хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ (ташкил намудани забономӯзӣ, курсҳои компутерӣ, созмон додани нусхаи маводҳои коғазӣ, аудио ва видео, инчунин дигар хидматҳои китобхона) чораҳо андешад.
7. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:
а) бо назардошти талабот ба ҷойгир намудан ва муҷаҳҳаз гардондани марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки агентӣ таҳия намудааст:
дар муҳлати ду моҳ дар тартиби муқарраргардида ба марказҳои ноҳия, шаҳрҳо барои ҷойгир намудан ва фаъолияти пурраи марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) бино ҷудо намоянд;
таъмири асосии биноҳои ҷудошударо таъмин намоянд, дар онҳо барои дастрасии бемамониати шахсони имконияташон маҳдуд ба толорҳои мутолиа ва биноҳои дигари истифодаи умумии марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тамоми шароити заруриро фароҳам оранд, инчунин онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ ва техника муҷаҳҳаз гардонанд;
б) бинобар ободонии ҳудудҳои шафати бинои марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) корҳои заруриро амалӣ намоянд ва бинобар беисти бо қувваи барқ таъмин намудани марказҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд;
в) ба тартиби муқарраргардида бинобар бо кор таъмин кардани кормандони дар натиҷаи барҳам додани марказҳои ахбору захираи мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар озодшуда чораҳо андешанд.
8. Муқаррар карда шавад, ки хароҷот бинобар нигоҳ доштани шумораи иловагии штатии кормандони Китобхонаи миллӣ дар соли 2019-ум дар доираи маблағҳои буҷа, ки дар андозаҳои хароҷоти Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, пӯшонда мешаванд, аз соли 2020-ум бошад, дар андозаҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба назар гирифта мешавад;
нигоҳдории марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар доираи маблағҳои буҷаҳои маҳаллии ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ки барои нигоҳ доштани захираҳои барҳамдодашавандаи ахбору захираи мактабҳои таълими умумӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар пешбинӣ шудаанд, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ гардонда мешавад;
бо кадрҳо таъмин кардани марказҳои азнав созмондодашавандаи ахбору китобхона мутаносибан аз ҳисоби ба кор қабул намудани кадрҳои баландихтисоси марказҳои барҳамдодашавандаи ахбору захираи мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар амалӣ гардонда мешавад;
бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳо бинобар таъмири асосии биноҳои марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), бо таҷҳизоти замонавӣ ва техника муҷаҳҳаз гардондани онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷаи муносибгардонии марказҳои барҳамдодашавандаи ахбору захираи мактабҳои таълими умумӣ ва муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар, барзиёд иҷро намудани прогнози даромади буҷаҳои маҳаллии ноҳияҳо ва шаҳрҳо, хайроти шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ гардонда мешавад;
пурра гардондани фондҳои китобхонаи марказҳои ахбору китобхонаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), инчунин чораҳои минбаъд оид ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии онҳо дар доираи маблағҳои буҷаи ба ин мақсад ҷудошуда, маблағи Фонд ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ гардонда мешавад.
9. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати иқтисодиёт ва саноат якҷоя бо Вазорати маданият ва Агентӣ дар асоси омӯзиши эҳтиёҷот ба мутахассисон дар соҳаи китобдорӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар квотаи қабул ба муассисаҳои соҳавии олии таълим бинобар самти «Фаъолияти китобхонаву ахбор» таклиф тақдим намоянд.
10. Ба таклифи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
оиди аз ҷониби вазорату идораҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд таъмин намудани созмони «такмили»-и китобхонаҳои идоравӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, аз он ҷумла дар қисмҳои ҳарбӣ;
дар бораи бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳо бинобар созмон додан, навсозӣ ва пурра гардондани фонди китоб ва пойгоҳи моддиву техникии китобхонаҳои идоравӣ дар доираи маблағҳои буҷа, ки ба ин мақсадҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷудо шудаанд, инчунин маблағҳои ғайрибуҷавӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
дар бораи ҳар сол дар асоси таклифоти Агентӣ ташаккул додани рӯйхати нашрҳои зарурӣ барои навсозӣ ва пурра гардондани фонди китоби китобхонаҳои идора розигӣ дода шавад.
11. Ба таклифи Агентӣ, Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи Рӯзи китобдорон тасдиқ намудани 21 май бо назардошти бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо рағбатнок гардондани китобдорон барои меҳнати бисёрсолаи поквиҷдонона ва саҳмашон ба рушди соҳаи ахбору китобхона розигӣ дода шавад.
Агентӣ дар муҳлати як моҳ ба тартиби муқарраргардида коркард ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи китобдорон»-ро таъмин намояд.
12. Агентӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф тақдим намояд.
13. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон К. И. Алламҷонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
7 июни соли 2019.