ДАР БОРАИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ БЕҲТАР ГАРДОНДАНИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ ИШТИРОКДОРОН ВА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН, ИНЧУНИН ДАСТГИРИИ КУҲАНСОЛОНИ ТАНҲО ВА ШАХСОНИ НОГИРО

Бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мақсадноки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентратсионии фашистӣ ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд, пиронсолон ва маъюбон, минбаъд баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба онҳо, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои шаффоф ва самараноки дастгирии давлатии шаҳрвандони мазкур:

1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он: 
ба собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945, собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентратсионии фашистӣ ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд, инчунин пиронсолони танҳо ва ногироҳои ба нигоҳубини беруна эҳтиёҷманд, ба ҷойи озуқаворӣ ва воситаҳои гигиенӣ, ки ройгон расонида мешаванд, ҳар моҳ ба миқдори як баробари андозаи ҳисоби асосӣ пардохти ҳаққи иловагӣ (минбаъд – иловапулӣ) ҷорӣ карда мешавад;
ба собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945 ва собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсионии фашистӣ ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд, ба ҷойи сару либос ва пойафзори зарурӣ, ки бепул расонда мешаванд, барои харидани либос ҷубронпулӣ муқаррар карда мешавад, ки ҳар сол дар моҳи август ба андозаи 15 баробари андозаи ҳисоби асосӣ (минбаъд — ҷубронпулӣ) пардохта мешавад. 
Дар баробари ин, пардохт дар асоси маълумот дар бораи пиронсолони танҳо ё маъюбоне, ки ба нигоҳубини беруна эҳтиёҷ доранд, аз ҷониби Агентии рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, ташкилоте, ки барои таъини нафақа ва кӯмакпулӣ масъул аст, пешниҳод шудааст, сурат мегирад. 
Муқаррар карда шавад, ки ҷубронпулӣ ва ҳаққи иловагӣ ба шахсони дар ҳамин банд нишон додашуда, бо тартиби мавҷудаи пардохти нафақа ва ёрдампулии онҳо дода мешавад.
2. Маблағгузории пардохтҳо ва ҷубронҳои иловагӣ: 
а) ба гирандагони нафақа ва кумакпулӣ, ки дар ҳисоби Фонди нафақа меистанд:
иловапулӣ – аз ҳисоби маблағи Фонди нафақа; 
ҷубронпулӣ – аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон; 
б) гирандагони нафақа ва ёрдампулиҳое, ки аз ҷониби Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Хидмати амнияти давлатӣ, Хидмати амнияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Суди олӣ, Суди конститутсионӣ, Шӯрои олии судяҳо, Прокуратураи генералӣ, Маркази рушди технологияҳои электронӣ, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи давлатии гумрук – аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки ба вазорату идораҳои мазкур ҷудо шудаанд.
3. Вазорати молия ҷудо намудани маблағҳои заруриро барои татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи қарор дар доираи миқдори ниҳоии маблағҳо, ки  дар параметрҳои буҷети давлатӣ барои соли 2022 пешбинӣ шудаанд,  барои бепул расонидани маҳсулоти хӯрокворӣ, воситаҳои гигиенӣ ва сару либос ба собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945, собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентратсионии фашистӣ ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд, инчунин пиронсолони танҳо ва маъюбон, ки ба нигоҳубини беруна эҳтиёҷ доранд, таъмин намояд.
4. Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, Вазорати дастгирии маҳалла ва куҳансолон, Кумитаи давлатии оила ва занон, Агентии оид ба кор бо ҷавонон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд мунтазам расондани дастгирии иловагии моддӣ ва кумаки иҷтимоиро ба шахсони тоифаи имтиёзнок, ки дар банди 1 қарори мазкур номбар шудаанд, аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ, Фонди “Меҳрубонӣ ва дастгирӣ”, Фонди дастгирии ҷавонон – ба “Дафтари ҷавонон” воридшуда,  Фонди дастгирии занон – ба “Дафтари занон” дохилшуда таъмин намоянд.
5. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ва Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ тавсия дода шавад, ки дар байни аҳолӣ  мақсад ва вазифаҳои қарори мазкурро дар воситаҳои ахбори оммавии чопӣ ва электронӣ, аз он ҷумла ба воситаи шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет, мунтазам дар миқёси васеъ равшан намоянд.  
6. Вазорати молия якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифҳо пешниҳод намояд.
7. Ба зиммаи вазири молия Т.А.Ишметов барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур масъулияти шахсӣ гузошта шавад.
Муҳокимаи рафти иҷрои қарори мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.
     
Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
8 июни соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: