ДАР БОРАИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ДАСТГИРИИ МОДДИИ ҚИШРИ АҲОЛИИ БА ҲИМОЯИ ИҶТИМОӢ ЭҲТИЁҶМАНД

Бо мақсади пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоӣ ва дастгирии моддии манзилноки аҳолӣ, вусъатдиҳӣ ва минбаъд баланд бардоштани самаранокии мадади пулии шаҳрвандон ва пиронсолони дасттанҳои эҳтиёҷманди дастгирӣ:

Бо мақсади пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоӣ ва дастгирии моддии манзилноки аҳолӣ, вусъатдиҳӣ ва минбаъд баланд бардоштани самаранокии мадади пулии шаҳрвандон ва пиронсолони дасттанҳои эҳтиёҷманди дастгирӣ:
1. Ҷорӣ намудани пардохти ҳармоҳаи ҷубронӣ барои шахсони тоифаҳои имтиёзнок (минбаъд – пардохтҳои ҷубронӣ) ба ҷои имтиёзоте, ки қонунгузорӣ дар бобати пардохти хидматрасонии иқомативу коммуналӣ бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 марти соли 2003 №ФП-3227 «Дар бораи аз 1 апрели соли 2003 ҷорӣ намудани пардохти пулии ҷубронӣ ба ҷои имтиёзоти пешниҳодгардида дар бобати пардохти хидмати истиқомативу коммуналӣ» муайян кардааст, ба эътибор гирифта шавад. 
2. Аз 1 марти соли 2022 муқаррар карда шавад, ки:
а) пардохтҳои ҷубронӣ ба тамоми шахсони тоифаи соҳибимтиёз, ки барои дарёфти он ҳуқуқ доранд, новобаста аз гирифтан ва ё нагирифтани нафақа (кумаки иҷтимоӣ) ва ҳамчунин роҳандозӣ ва ё ба роҳ наандохтани фаъолияти меҳнатии шахсони мазкур пардохта мешавад;
б) пардохтҳои ҷубронӣ ба шахсони дасттанҳо, ба мадади бегонагон эҳтиёҷманде, ки кумаки иҷтимоӣ мегиранд, ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамзамон пардохтҳои ҳармоҳаи ҷубронии шахсони дасттанҳо, ки ба мадади бегонагон эҳтиёҷ доранд, ки кумаки иҷтимоӣ мегиранд, дар андозаи 45 фоизи ҳаҷми базавии ҳисоби нафақа пардохта мешавад;
в) пардохти ҳармоҳаи иловагӣ ба кумаки иҷтимоии шахсоне пардохта мешавад, ки ба синни 100 ва бештар аз он расидаанд, дар ҳаҷми 100 фоизи ҳаҷми базавии ҳисоби нафақа ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамзамон пардохти иловагии ҳармоҳа ба кумакпулии шаҳрвандон, ки ба синни 100 ва болотар аз он расидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетӣ аз тариқи ташкилоте, ки дар он нафақа ва кумакпулӣ муқаррар карда шудааст, таъмин карда мешавад.
3. Ба Вазорати молия, Агентии иттилоотии миллии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телерадиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ супурда шавад, ки корро дар бобати васеъ равшан намудан дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур ва натиҷаҳои интизории онро ташкил намоянд.
4. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар илова тағйирот ва иловаҳо дохил карда шавад.
5. Ба зиммаи вазири молия Ишметов Т.А. масъулияти шахсӣ барои ташкили босамари иҷрои Фармони мазкур ва таъмини пардохти ҷуброн ва иловапулии шаҳрвандон дар давраи пардохти нафақа ва кумакпулӣ гузошта шавад.
6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қӯчқоров Ҷ.А. гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
28 январи соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: