ДАР БОРАИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ ТАРТИБИ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ҶИСМОНӢ ГУЗАРОНДАНИ АМВОЛ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ШАХСӢ

Мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ба мақсади минбаъд такмил додани тартиби расмигардонии молҳое, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ гузаронда мешаванд:

1. Муайян карда шавад, ки аз 1 январи соли 2020-ум:
тартиби соддаи ситондани маблағҳои гумрук, ки додани пардохти ягонаи гумрукро ба ивази боҷи гумрук, андози арзиши иловагӣ ва андози аксизӣ пешбинӣ намуда, мувофиқи қонунгузорӣ барои шахсони ҷисмоние, ки молҳоро дастӣ ва бағоҷ ба воситаи гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меоранд, инчунин нисбати молҳое, ки ба нишонии шахсони ҷисмонӣ дар фиристодаҳои почта ва курерии байналхалқӣ, барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ мерасанд, ҷорӣ карда мешавад;
оиди ҳатман мавҷуд будани бандубасти истеҳсолии маҳсулоти хӯроквории ба ҳайвонот мансуб, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ҳангоми гузаштан тавассути сарҳади гумрук дастӣ, ҳамроҳи бағоч, инчунин фиристодаҳои почта барои истифодаи шахсӣ оварда мешаванд, талабот муқаррар карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки пардохти ягонаи гумрук дар ҳоли аз меъёри интиҳоии аз ҷониби шахси ҷисмонӣ ба ҷумҳурӣ овардани молҳо гузаштани он, ки ба ситондани пардохти гумрук, дар қисми гузаштан аз меъёри интиҳоӣ, бо назардошти арзиши гумрукии мол бинобар тамоми тоифаҳо сарфи назар аз коди Феҳрасти молии фаъолияти иқтисодиёти хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мамлакати тавлид воҷиб намебошад, ситонда мешавад. 
Бо ин муайян карда шавад, ки ҳангоми аз меъёри овардани молҳои дар замимаи № 1 ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 феврали соли 2018 № ҚП-3512 “Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд содда гардондани аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ба воситаи сарҳади гумрук гузарондани молҳо” афзудан, пардохти гумрукӣ ба тартиби мақбули умум пардохта мешавад.
3. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Ставкаи пардохти ягонаи гумрук ба миқдори 30 фоизи арзиши гумрук, аммо на кам аз 3 доллари ИМА барои ҳар як килограмм;
рӯйхати молҳое, ки ба молҳои барои эҳтиёҷоти шахсӣ аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ оваранда тааллуқ надоранд, мувофиқи замима.
4. Кумитаи давлатии гумрук:
а) дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
бо розигии вазорату идораҳо Низом дар бораи тартиби муайян намудани таъиноти молҳое, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ба воситаи сарҳади гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешаванд;
дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот ворид намояд;
б) дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан намудан, инчунин то ба аҳолӣ расондани моҳият ва аҳамияти қарори мазкурро таъмин намояд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. М. Ғаниев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
7 ноябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: