ДАР БОРАИ МУКОФОТОНИДАН БО НИШОНИ ХОТИРАВИИ «ӮЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ МУСТАҚИЛЛИГИНИНГ 30 ЙИЛЛИГИ»

Халқи мо санаи бузург ва пуршарафи таърихи Ӯзбекистони нав — 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамонро бо хушнудии зиёд пешвоз мегирад.

Халқи мо санаи бузург ва пуршарафи таърихи Ӯзбекистони нав — 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамонро бо хушнудии зиёд пешвоз мегирад.
Дар кори азими дар мамлакат дар давраи гузаштаи бунёди давлати нави демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ амалишуда, ба даст овардани натиҷаҳои баланд, бешубҳа саҳми ҳамватанони мо, ки дар соҳаҳо ва ҷабҳаҳои гуногун фидокорона кор мекунанд, назаррас аст.
Эътирофи хидматҳои барҷастаи чунин одамон дар назди халқ ва сазовор ҳавасманд гардондани онҳо дар бедор намудани ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон, ба ноил шудан ба марраҳои баланд, дар қалби онҳо пурзӯр гардондани  ҳисси муҳаббат ва садоқат ба Ватан аҳамияти муҳим дорад.
Ба мақсади бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Республикасининг 30 йиллиги» сарфароз гардондани ҳамватанонамон, ки ба рушди ҳамаҷонибаи мамлакат, афзун гардондани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи бузург мегузоранду барои мустаҳкамсозии иқтисодиёти давлат ва  баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ ибрату намуна мебошанд,  дар таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ризоияти байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ, тарбияи насли солим ва баркамол дар рӯҳи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ фидокории алоҳида нишон додаанд:
1. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйхати сарфарозгардонӣ бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Республикасининг 30 йиллиги»-ро, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои дигари ҷумҳуриявӣ, инчунин  Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пешниҳод намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ кунад.
2. Раиси Сенати Олий Маҷлис, Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони вазорат, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, Раиси Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони дигари  масъул супурдани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Республикасининг 30 йиллиги»-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ дар чорабиниҳо, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолият гузаронда мешаванд, таъмин намоянд.
3. Ба Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани чорабиниҳои бахшида ба супурдани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Республикасининг 30 йиллиги» тавсия дода шавад. 
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
23 августи соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: