ДАР БОРАИ МУКОФОТОНИДАНИ ГУРӮҲИ АРБОБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ, НАМОЯНДАГОНИ СОҲАҲОИ МАДАНИЯТ, ИЛМ ВА НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ҳиссаи бузургашон дар мустаҳкам намудани муносибатҳои қадимаи дӯстӣ ва некҳамсоягии байни халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фаъолияти босамар ва сермаҳсулашон бино бар васеъ гардондани равобити маданиву инсонпарварӣ, ҳифзи эҳтиёткорона ва ғанӣ гардондани мероси муштараки таърихӣ, арзишу анъанаҳои маънавӣ, хизматҳояшон дар рушди ҳамкории муфиди тиҷоративу иқтисодӣ, шарикии ҳамаҷонибаи стратегии мамлакатҳоямон инҳо бо орден ва унвонҳои фахрӣ мукофотонида шаванд:

Бо ордени «Фидокорона хизматлари учун»

Қоҳир Расулзода – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ордени «Меҳнат шуҳрати»

Низом Қосим – раиси Иттиҳоди нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташпулат Гулмуродов – мудири кафедраи ҷарроҳии дилу раги хунгарди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ордени «Дӯстлик»

Алӣ Муҳаммадиев – мудири шуъбаи Фонди мероси дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ифтихор Ширинҷонович Ҷӯраев – сардори раёсати инспексияи назорати давлатии геодезия, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои Кумитаи давлатии геодезия ва идоракунии замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳим Марупов – саркорманди Донишкадаи физика ва техникаи ба номи С.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳасан Бердиқулов – аъзои Иттиҳоди нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо унвони фахрии «Ӯзбекистон Республикаси халқ артисти»

Адҳам Холиқов – роҳбари бадеии муассисаи давлатии «Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ»
Давлат Холов – роҳбари бадеии дастаи давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
29 августи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: