ДАР БОРАИ МУКОФОТОНИДАНИ ГУРӮҲИ ВАРЗИШГАРОН ВА МУРАББИЁНЕ, КИ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ДАР ШАҲРИ ЕКАТЕРИНБУРГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ БА НАТИҶАҲОИ БАЛАНД НОИЛ ГАШТААНД

Ба шарофати корҳои доманфарох ва шароити мавҷуда, ки ба рушди варзиш дар мамлакат нигаронда шудааст, варзишгаронамон ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд.

Барои ғалабаи беназири ҷамоаи мунтахаби миллии мамлакатамон дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки 6-22 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба вуқӯъ пайваст, ишғол намудани ҷойи аввал дар байни намояндагони қариб 80 мамлакати ҷаҳон, зоҳир намудани иродаи қатъии варзишӣ, касбӣ ва истеъдод, саҳми муносибашон дар баланд бардоштани нуфузи байналхалқии Ватанамон, васеъ оммавӣ гардондани варзиш дар ҷумҳурӣ, ташаккул додани насли ҷавони солим ва мутаносиби комил, мустаҳкамсозии ҳисси ифтихори миллӣ дар шуури онҳо, муҳаббат ва садоқат нисбати Ватан бо унвонҳои фахрӣ ва медалҳо мукофотонида шаванд:

«Ӯзбекистон ифтихори»

Ҷалолов Баҳодир Исомиддин ӯғли – узви ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс
Мирзохалилов Миразизбек Мирзокарим ӯғли – узви ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс

«Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган спорт устози»

Курбанов Марат Галиевич – сармураббии ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс
Қиличев Тӯлқин Махмурович – мураббии мактаб-интернати захираҳои олимпии ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ оид ба бокс
Эркаев Баҳодир Турғунович – мураббии мактаби варзишии махсуси бачагону наврасони вилояти Фарғона оид ба бокс

«Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган спортчи»

Зоиров Шаҳобидин Шокирович – узви ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс

бо медали «Келажак бунёдкори»

Батуров Бобо-Усмон Шамсутдин ӯғли – узви ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс
Рӯзметов Дилшодбек Юсупбой ӯғли – узви ҷамоаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс

бо медали «Шуҳрат»

Ахмедов Бурхон Бахрамович – мураббии мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах оид ба бокс
Қиличев Фарруҳ Комилович – сармураббии мактаб-интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Чирчиқи вилояти Тошканд оид ба бокс

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД, 
27 сентябри соли 2019
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: