ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОЁНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

5 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

5 май  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи некҳамсоягӣ ва шарикии стратегиро баррасӣ карда,  дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба таъмини назорат аз болои рушди вазъи эпидемиологӣ ва андешидани чораҳои муассир оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус эътибори алоҳида дода шуд.

Ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар супоришот дода шуданд, ки ҳамоҳангиро пурзӯр гардонда, ҳамкориҳои зичро дар мубориза бар зидди ин бемории хатарнок идома диҳанд.

Зарурати андешидани чораҳои пешакӣ ва фаврӣ ҳал кардани ҳамаи масъалаҳои пайдошуда ба мақсади пешгирии таъсири манфии пандемия пеш аз ҳама дар робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистону Тоҷикистон қайд гардид.

Аҳамияти мунтазам гузаронидани видеоконфронсҳо байни вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади коркарди муштараки алгоритмҳо барои нигоҳ доштани суръати баланди тиҷорати мутақобила, таъмини робитаҳои нақлиётӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, молия ва дигар самтҳо қайд гардид.

Масъалаҳои вобаста ба рафъи оқибатҳои ҳодисаи фавқулодда дар обанбори Сардоба низ баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқоти телефонӣ Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон доир ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сӯҳбат дар фазои анъанавии гарм, амалӣ ва дӯстона баргузор гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: