Дар бораи мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 июн бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 июн бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Дар ибтидои суҳбат Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Элбошӣ Нурсултон Назарбоев шифои ҳарчи зудтару комил, саломатии мустаҳкам ва қавирӯҳӣ таманно кард.
Зимни суҳбат тадбирҳои муштараки байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, инчунин коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба муносибатҳои дуҷонибаи рушдёбанда ва иқтисодиёти Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд. Аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар ин самтҳо таъкид шуд.
Васеъ гардондани ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки ба принсипҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ асос ёфтааст, бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманд лоиҳаҳои муштарак татбиқ карда мешаванд. Барои таҳкими ҳамкории саноатӣ «харитаи роҳ» ба мувофиқа расонида шуд, ки татбиқи зиёда аз даҳ лоиҳаҳои навро пешбинӣ менамояд.
Инчунин оид ба  ҷадвали мулоқоту чорабиниҳои дар пешистода мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар поёни суҳбат Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев барои халқҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон сулҳу осоиш, фаровонӣ ва шукуфоӣ таманно намуданд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: