ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегиро муҳокима карданд.

Ҳамкориҳои зичи байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мубориза бо пандемияи коронавирус бо қаноатмандӣ қайд шуд. Чораҳое, ки дар кишварҳо барои ба ҳадди аққал расонидани оқибатҳои манфии паҳншавии ин бемории хатарнок, пеш аз ҳама барои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ андешида мешаванд, дастгирӣ шуданд.

Ба натиҷаҳои самарабахши машваратҳои бисёрҷонибаи роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва нақлиёт баҳри иҷрои қарорҳои ҳамоиши ғайринавбатии Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон баҳои баланд дода шуданд.

Президентҳо инчунин масъалаҳои рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар обанбори Сардобаро баррасӣ карданд.

Бинобар натиҷаи гуфтугӯи телефонӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори фаъолонаи муштаракро ҷиҳати дастгирии динамикаи баланди гардиши мол, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои минтақавӣ идома медиҳанд.

Зимни суҳбат, инчунин ба як қатор масъалаҳои дорои хусусияти байналхалқӣ дахл карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: