9 апрел мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад.
9 апрел мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад.
Сарони давлатҳо оид ба вазъи мавҷудаи эпидемиологии ҳарду кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба муносибати паҳншавии коронавирус табодули назар карданд.
Аҳамияти коркарди чорабиниҳои ҳамоҳангшуда, расондани ёрии фаврии мутақобила ва идомаи иртиботи зич тавассути хидматҳои дахлдори тиббӣ ва дигари ба кор андохташуда ба мақсади самаранок мубориза бурдан бо коронавирус қайд гардид.
Зарурати андешидани чораҳои пешакӣ барои коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба динамикаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ алоҳида таъкид гардид. Соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ, инчунин лоиҳаҳои дар доираи мубодилаи байниминтақавӣ, аз ҷумла байни пойтахтҳои Тошканд ва Душанбе татбиқшаванда ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян шуданд.
Зимни суҳбат президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон инчунин баъзе масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва рӯзномаи байналмилалиро муҳокима карданд.
ӮзА.