ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

8 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон суҳбати телефонӣ дошт.

Дар мулоқот сарони давлатҳо аз рушди баланди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ  қаноатмандии амиқ изҳор намуданд. 
Махсус таъкид шуд, ки сафарҳои таърихӣ дар сатҳи олӣ – сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Туркия моҳи октябри соли гузашта ва ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркия ба мамлакати мо охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли ҷорӣ муносибатҳои бисёрҷанбаи дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, онҳоро бо мундараҷаи мушаххаси амалӣ саршор карданд. 
Мулоқоти сиёсӣ  фаъол мешаванд, ҳарду мамлакат ҳамкории қарин доранд ва дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра якдигарро дастгирӣ мекунанд.
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ васеъ мешаванд. Ҳаҷми тиҷорати тарафайн меафзояд: дар нимсолаи аввали соли равон мубодилаи моли тарафайн беш аз се баробар афзуд.
Якҷо бо ширкатҳои саноатӣ ва бонкҳои Туркия дар минтақаҳои Ӯзбекистон лоиҳаҳои азими сармоявӣ, пеш аз ҳама бобати ба роҳ мондани истеҳсолоти баландтехнологӣ, бозсозии соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, логистика ва инфрасохтори сайёҳӣ, шаҳрсозӣ, ҷанбаи бонку молия ва дигар самтҳои афзалиятнок татбиқ мегарданд.
Робитаҳои муттасил дар дараҷаи тиҷорат ва табодули фарҳангиву инсонпарварӣ инкишоф меёбанд.
Роҳбарони ду давлат масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавиро, ки ба онҳо ҳар ду ҷониб рағбат доранд, баррасӣ намуданд, ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои пешистодаро дар сатҳи олӣ муҳокима карданд.
Дар анҷоми суҳбат президентҳои ду кишвар бори дигар қатъият ва садоқати худро бинобар минбаъд амиқ сохтан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои васеъмиқёси байни Ӯзбекистон ва Туркия таъкид намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: