ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ШӮРОИ АВРУПО

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 апрел бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 апрел бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандии амиқ  рушди босуръати шарикӣ ва тақвияти мубодила дар сатҳҳои мухталиф дар солҳои охир қайд шуд.

Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта  ҳаҷми тиҷорати тарафайни Ӯзбекистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Олмон, Фаронса, Италия, Белгия, Маҷористон ва дигар кишварҳои Аврупо дар мамлакатамон лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ татбиқ мегарданд ва шумораи умумии корхонаҳои муштарак аз ҳазор гузаштааст.

Илова бар ин, ҳамкориҳои пурсамар бо институтҳои асосии молиявӣ, аз ҷумла равобит бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо густариш меёбанд.

Пешрафт дар самти андозагирии инсонӣ ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, илм, фарҳанг ва маориф махсусан қайд гардид.

Бино бар идома додани гуфтушунидҳои фаъол оиди лоиҳаи Созишномаи нави шарикии васеъ ва ҳамкорӣ бо мақсади то охири сол ба итмом расонидани омодасозии ҳуҷҷат мувофиқа ҳосил шуд.

Президенти Шӯрои Аврупо ба чораҳои қатъии бесобиқае, ки дар Ӯзбекистон дар самти муқовимат бо паҳншавии сирояти коронавирус ва кам кардани таъсири манфии он ба ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии кишвар андешида мешаванд, баҳои баланд дода, онро дастгирӣ намуд.

Шарл Мишел омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар расонидани кӯмаки зарурӣ дар мубориза бо ин мушкилии глобалӣ изҳор дошта, дар бораи қарор оиди ҷудо кардани кӯмаки молиявӣ ва техникӣ ба Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ алоҳида баррасӣ шуданд.

Ҷониби Аврупо тағироти куллии мусбат ва сатҳи замонавии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимод, ҳамсоягии хуб ва шарикӣ, ки бо саъю талоши муштараки кишварҳои минтақа ба даст омадааст, бо қаноатмандии амиқ қайд кард. Ба гуфтаи Президенти Шӯрои Аврупо, ин пешрафти назаррас ба мақсад ва вазифаҳои стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ комилан мувофиқат мекунад.

Аҳамияти кори муштараки фаъол бо мақсади таҳкими ҳамбастагӣ ва рушди устувори тамоми минтақа, пеш аз ҳама тавассути пешбурди барнома ва лоиҳаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, нақлиёт ва энергетика қайд шуд. Бо ин мақсад масъалаи то охири сол гузарондани конфронси бисёрҷонибаи вазирон оид ба таҳияи қадамҳои афзалиятнок ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ коркард шуд.

Инчунин як қатор масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷадвали баргузории чорабиниҳои оянда дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Дар поёни мулоқоти телефонӣ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Шӯрои Аврупо Шарл  Мишел пайравии қатъии мутақобиларо ба густариши муколамаи конструктивии Ӯзбекистону Аврупо ва ҳамкории васеъмиқёс тасдиқ карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: