ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 апрел бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯған гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 апрел бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯған гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо табрикоти самимиашонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон ба ҳам дида, ба якдигар ва халқҳои бародари ду кишвар сиҳатӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ изҳор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин ҳамтои худ ва халқи дӯсти Туркияро бо фарорасии ҷашни давлатӣ - Рӯзи Истиқлолияти миллӣ ва кӯдакон, ки дар Туркия ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт.

Зимни суҳбат роҳбарон ба масъалаҳои ҳамкории зич дар мубориза бо таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ - паҳншавии босуръати сирояти коронавирус алоҳида таваҷҷӯҳ намуданд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо дар ҳар ду давлат андешида шудани чораҳои қатъиро оиди мубориза бар зидди пандемия, инчунин пешгирии хатари воридшавии амиқ ва таъсири манфии оқибатҳои ин бемории хатарнок ба дигаргуниҳои мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва самаранокии чораҳои зиддибӯҳронӣ пурра дастгирӣ карданд.

Сарони давлатҳо ба натиҷаҳои самарабахши Ҳамоиши ғайринавбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки 10 апрел дар шакли видеоконфронс баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди коронавирус бахшида шуд, баҳои баланд доданд.

Ҳамин тавр, тибқи созишномаҳо дар рӯзҳои наздик силсилаи мулоқоти онлайнии роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва нақлиёти кишварҳои Шӯрои туркӣ бо мақсади табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии кор дар ҳалли фаврии масъалаҳои пайдошуда баргузор мешаванд.

Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро муфассал муҳокима карданд. Аҳамияти татбиқи саривақтии қарорҳои бинобар натиҷаҳои ҷамъомади якуми Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ қабулшуда, ки моҳи феврали соли равон дар Анқара баргузор шуд, қайд гардид.

Ба зарурати андешидани тадбирҳои рӯзафзун дар сатҳи ҳукумат ҷиҳати нигоҳ доштани суръати афзоиши тиҷорати мутақобила, дастгирӣ ва суръат бахшидани лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои инноватсия, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор, тандурустӣ ва ғайра, бо иштироки ширкату корхонаҳои бонуфузи ду кишвар таваҷҷуҳи зиёд дода шуд.

Бо ин мақсад оиди мунтазам баргузор намудани машварати муштараки дуҷонибаи ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдори Ӯзбекистон ва Туркия ба мувофиқа расиданд.

Зимни суҳбати телефонӣ як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва сиёсати байналмилалӣ низ баррасӣ шуданд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: