Дар бораи мулоқоти телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 май бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбаси Нурсултон Назарбоев ба воситаи телефон суҳбат орост.

Дар аввали суҳбат сарвари  давлатамон ба Нахустин Президенти Қазоқистон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ҳиссаи шахсиаш ба рушд ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳамкории сернақшаи Ӯзбекистону Қазоқистон миннатдории самимӣ изҳор кард. 
Қайд гардид, ки ба туфайли саъю кӯшиши муштарак дар тӯли якчанд соли охир муносибатҳои қарини анъанавии байни мамлакатҳоямон ба дараҷаи сифатан нав баромада, бо мазмуни дақиқи амалӣ ғанӣ гардиданд. 
Бо қаноатмандии амиқ натиҷаҳои сермаҳсули ташрифи аввалини давлатии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ, ки бори дигар давомати самти сиёсати хориҷии Элбасиро нишон дод, таъкид гардид. 
Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, инчунин рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. 
Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев ба татбиқи созишномаҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, пурзӯр гардондани кооператсия дар дараҷаи корхонаҳои бонуфуз ва тиҷорат дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар эътибори аввалиндараҷа доданд. 
Пайваста афзудани ҳаҷми савдои тарафайн ва диверсификатсия шудани таркиби он мусбат арзёбӣ гардид. Дар соли 2018 муомилоти мол аз се миллиард доллар гузашт, дар рӯзҳои наздик вазифаи камаш то панҷ миллиард доллар расондани ин нишондиҳанда гузошта шудааст. 
Аҳамияти муҳим доштани идома додани алоқаҳои интенсивии байниминтақавӣ, ки ба истифодаи самарабахши имкониятҳои васеи иқтисодӣ ва иқтидори бузург дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ, аз он ҷумла дар доираи чорабиниҳои Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон нигаронда шудаанд, таъкид гардид.
Нақши муайянкунандаи Комиссияи муштараки байналхалқӣ оид ба ҳамкории дуҷониба қайд гардид, ки  ҳоло ба он сарвазирони ду мамлакат роҳбарӣ мекунанд. 
Дар хотимаи суҳбат Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев саъю кӯшиши муштарак ва пайравии қатъияшонро ба ҳамаҷониба мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва ҳамкории ба ҳамдигар муфиди байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон баҳри фаровонии ду халқи бародар, ба манфиати субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ бори дигар таъкид намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: