ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо Президент Владимир Путинро бо бомуваффақият баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – овоздиҳии умумимиллӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия  самимона муборакбод намуд.
Президентҳо аз натиҷаҳои самарабахши мулоқоти дуҷониба, ки дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Маскав баргузор гардид, изҳори қаноатмандии амиқ карданд.
Роҳбарон бори дигар таъкид карданд, ки тарафдори таҳкими   минбаъдаи  муносибатҳои шарикии стратег, иттифоқии ӯзбекистониву русиягӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошанд.
Ба масъалаҳои рӯзномаи сафарҳои оянда дар сатҳи баланд, инчунин идомаи тадбирҳои ҳамоҳангшуда оид ба коҳиш додани таъсири манфии паҳншавии глобалии сирояти коронавирус ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо эътибори алоҳида дода шуд.
Зимни суҳбати телефонӣ инчунин оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои омодагӣ ва баргузор кардани ҳамоишҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Суҳбат дар фазои анъанавии гарм, кушод ва дӯстона баргузор гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: