Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 феврал бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған телефонӣ суҳбат кард.
Дар аввали суҳбат сарвари давлатамон Президенти Туркияро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, ба ин муносибат таманноҳои беҳтарин изҳор кард.
Роҳбарони ду мамлакат торафт мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстии Ӯзбекистону Туркия, шарикии стратегӣ ва ҳамкории муфидро бо қаноатмандӣ қайд намуданд.
Ҳаҷми савдои тарафайн бо суръати баланд меафзояд: муомилоти мол бино бар ҷамъбасти соли 2018-ум 40 фоиз зиёд гардид. Дар соҳаҳои сармоя ва инноватсия, энергетика, кишоварзӣ, навсозии инфрасохтор, сайёҳӣ ва ғайра бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Туркия лоиҳаҳои бузурги муштарак татбиқ мегарданд.
Дар айни ҳол дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояҳои Туркия 655 корхонаи муштарак фаъолият нишон медиҳанд, ки аз онҳо 270-тояшон соли гузашта созмон дода шудаанд.
Мубодилаи маданиву инсонпарварӣ васеъ гардида, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъол ривоҷ меёбад. Дар тӯли ду соли охир миқдори сайёҳон аз Туркия, ки ба мамлакатамон ташриф овардаанд, ду баробар афзуд.
Сарони давлатҳо муҳим будани татбиқи васеъмиқёси созишномаҳоро дар дараҷаи олӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, маданиву инсонпарварӣ қайд намуданд.
Дар хотимаи суҳбати телефонӣ президентҳо омодагиашонро ба ҳамаҷониба ҳамкорӣ намудан дар минбаъд мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва васеъ гардондани ҳамкории бисёрнақшаи байни Ӯзбекистон ва Туркия бори дигар собит намуданд.
ӮзА.