ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО РОҲБАРОНИ РУСИЯ, ТУРКМАНИСТОН, ҚАЗОҚИСТОН, ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТУРКИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июл бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооранбай Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййиб Эрдӯғон аз тариқи телефон суҳбат кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июл бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооранбай Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййиб Эрдӯғон аз тариқи телефон суҳбат кард. 
Сарони давлатҳои хориҷӣ Президенти Ӯзбекистонро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, таманноҳои гарму ҷӯшони сулҳ, беҳбудӣ ва ба халқи бисёрмиллати мамлакатамон шукуфоӣ изҳор карданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ алоҳида таъкид гардид, ки дигаргунсозиҳои васеъмиқёс дар соҳаи такмил додани сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ислоҳсозии соҳаи иҷтимоӣ ва озодгардонии иқтисодиёт, таъмин кардани волоияти қонун, бехатарӣ ва ризоияти байнимиллӣ, ки дар ҷумҳурӣ дар зинаи сифатан нав татбиқ мегарданд, ба рушди ҳамаҷониба ва босуръати мамлакат, пайваста баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолии Ӯзбекистон мусоидат мекунанд.
Ба сиёсати хориҷии оқилона ва асосноки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташаббусҳои байналхалқӣ ва минтақавии сарвари давлатамон, ки ба амиқсозии минбаъдаи ҳамкории муфид ва самарабахш бо шарикони хориҷӣ, инчунин таъмин кардани сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа ва дар дараҷаи ҷаҳонӣ нигаронда шудаанд, баҳои баланд дода шуд.
Қайд гардид, ки 22 июни  соли ҷорӣ қабул гардидани резолютсияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бино бар масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ дар Осиёи Марказӣ аз эътироф ва васеъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ гардидани саъю кӯшиши амалӣ бино бар ташаккул додан ва мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва боварӣ дар минтақа далолат медиҳад.
Сарони давлатҳо бино бар ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои рӯзномаи байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҳолат ва пешомади рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Русия чун шарики стратегӣ ва иттифоқӣ баррасӣ гардиданд.
Ба васеъ гардондани ҳамкории муфиди тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тайёр ва татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт эътибори алоҳида дода шуд. Ҷадвали вохӯриҳои оянда дар дараҷаи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлатамон инчунин Президенти Русияро бо дар дараҷаи баланд баргузор намудани чемпионати соли 2018-уми ҷаҳон оид ба футбол ва иштироки бомуваффақияти  ҷамоаи мунтахаби Русия самимона муборакбод намуд.
Муҳим будани  татбиқи васеъмиқёси қарордодҳо ва созишномаҳо, ки бино бар ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба дар дараҷаи олӣ қабул шудаанд, дар рафти мулоқоти телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов таъкид гардид.
Ба минбаъд пеш бурдани муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон, пеш аз ҳама татбиқи лоиҳаҳои амиқ дар соҳаи тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, нақлиёт ва тронзит, энергетика, инчунин васеъ гардондани мубодилаҳои маданиву гуманитарӣ пайравии тарафайн доштани ҷонибҳо собит гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рафти вохӯрӣ бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Эсенмират Оразгелдиев, ки дар нимаи аввали  рӯзи 24 июл ба амал омад,  ҷанбаҳои аниқи ҳамкории самти мазкурро баррасӣ намуд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сарвари давлатамон барои ҳиссаи шахсиаш дар мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, амиқ гардондани шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанба байни ду мамлакати бародар изҳори миннатдорӣ кард.
Афзоиши муназзами ҳаҷми савдои тарафайн, татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муштарак, васеъ гардондани ҳаракати нақлиёт, рушди алоқаҳои интенсивӣ дар дараҷаи тиҷорат ва байни минтақаҳои ду мамлакат, барномаи ғании маданиву гуманитарӣ ва чорабиниҳои соҳибкорӣ дар доираи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ қайд шуданд.
Дар мулоқоти телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои тайёрӣ ба ташрифи аввалини давлатии роҳбари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва бо мазмуни дақиқ ғанӣ гардондани рӯзномаи мулоқот дар дараҷаи олӣ, аз он ҷумла ба лоиҳаҳои нави ба ҳамдигар муфид эътибор дода шуд.
Ҷонибҳо аҳду паймон намуданд, ки ба мақсади минбаъд мустаҳкам кардани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки аз риштаҳои дӯстии бисёрасрина ва некҳамсоягӣ асос меёбанд, тамоми имкониятҳоро ба кор меандозанд, бизнес-ташаббусҳои муштарак ва равобитро дар дараҷаи минтақаҳо дастгирӣ мекунанд, ба мубодилаи фаъоли маданиву гуманитарӣ мусоидат менамоянд.
Сарвари давлатамон бо Президенти Қирғизистон Сооранбай Жээнбеков самтҳои дақиқи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуд. Натиҷаҳои пурмаҳсули ҷамъомади аввалини Шӯрои сарони минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки таҳти раёсати сарвазирони ду мамлакат моҳи марти соли ҷорӣ дар Фарғона баргузор гардид, бо қаноатмандӣ қайд шуданд.
Дар рушди шарикии васеъмиқёс, аз он ҷумла соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва ғайра манфиатдории тарафайн тасдиқ гардид.
Дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон масъалаҳои татбиқи амалии  қарордодҳои бадастомада ва созишномаҳои бино бар ҷамъбасти ташрифи давлатии пешвои Туркия ба Ӯзбекистон охири моҳи апрел – аввали моҳи майи соли ҷорӣ баимзорасида баррасӣ гардиданд.
Ба пеш бурдани лоиҳаҳои сармоягузорӣ бино бар созмон додани истеҳсолоти баландтехнологӣ, навсозии инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва сайёҳӣ дар минтақаҳои мамлакатамон бо иштироки ширкату бонкҳои бонуфузи Туркия эътибори алоҳида дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарони давлатҳои шарики хориҷӣ барои муборакбодии гарму ҷӯшон арзи сипос намуд ва, дар навбати худ, таманноҳои самимии сулҳ, устуворӣ ва пешрафтро ба халқҳои дӯсти мамлакатҳо – Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркия изҳор кард.
***
Ба унвони Президенти Ӯзбекистон инчунин аз бисёр сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, арбобони бонуфузи хориҷии сиёсӣ муборакбодиҳои самимӣ расиданд:
– Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин
– Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин;
– Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев;
– Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко;
– Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян;
– Президенти Украина Пётр Порошенко;
– Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд;
– Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо;
– Раиси Шӯрои Федератсияи Ҷамъомади федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко;
– Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев;
– Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян;
– муовини Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, вазири оид ба корҳои Президент 
шайх Мансур бин Зоид Ол Наҳаён;
– муовини Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Сейф бин Зоҳид Ал Наҳаён;
– раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев;
– раиси Кумитаи авиатсионии байнидавлатӣ Татяна Анодина;
– раиси ҳайати Парлумони Авроосиё оид ба ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 
Ивета Григуле-Петерсе.

Омадани амвоҷи табрикот идома дорад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: