4 июн мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба амал омад.
Дар аввали мулоқот президентҳо якдигар ва халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Туркияро бо Иди муқаддаси Рамазон самимона муборакбод намуда, таманноҳои некашонро изҳор намуданд.
Сарвари давлатҳо қайд намуданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, боварии тарафайн ва шарикии стратегии байни мамлакатҳоямон муттасил ривоҷ меёбанд, бинобар тамоми самтҳо, аз он ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориҳо мустаҳкам мегарданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муомилоти дуҷонибаи мол дар тӯли чор моҳи соли ҷорӣ 30 фоиз афзуд, дар тӯли ним соли охир шумораи корхонаҳои муштарак ду баробар зиёд гардид.
Бо иштироки як қатор ширкатҳои бонуфузи туркӣ тайёр намудани лоиҳаҳои бузурги истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ фаъолона пеш бурда мешавад. Мубодилаи маданиву инсонпарварӣ васеъ гардида, дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таълим барномаҳо татбиқ мегарданд.
Дар рафти мулоқот зарурати ҷиддӣ тайёрӣ дидан ба ҷамъомади якуми Шӯрои ҳамкории стратегии дараҷаи олии Ӯзбекистону Туркия таъкид гардид.
Ба ин мақсад ҷонибҳо қарор намуданд, ки дар рӯзҳои наздик вохӯрии гурӯҳи кориро таҳти сарварии вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷамъомади навбатии Комиссияи муштараки байнипарлумониро баргузор менамоянд.
Дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
ӮзА.