Ба мақсади фароҳам овардани шароит барои истироҳати ҳақиқии шаҳрвандон дар давраи ҷашни санаҳои расмӣ ва таъмин кардани истифодаи оқилонаи рӯзҳои истироҳат ва идона дар соли 2020-ум:
1. Дар соли 2020-ум душанбеи 23 март рӯзи иловагии ғайрикорӣ муқаррар карда шавад.
2. Дар соли 2020-ум рӯзҳои зерини истироҳат кӯчонда шаванд:
шанбеи 4 январ ба панҷшанбеи 2 январ;
шанбеи 29 август ба душанбеи 31 август.
3. Муайян карда шавад, ки:
панҷшанбеи 2 январи соли 2020-ум ва душанбеи 31 августи соли 2020-ум барои тамоми кормандон, сарфи назар аз намуди ҳафтаи корӣ рӯзҳои ғайрикорӣ ба ҳисоб мераванд;
дар ташкилотҳои буҷавӣ рӯзи иловагии ғайрикорӣ, ки мувофиқи банди 1-уми Фармон муқаррар шудааст, аз ҳисоби ба як рӯзи корӣ кӯтоҳ кардани давомоти рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ ҷуброн карда мешавад;
ҳангоми муайян кардани миқдори музди меҳнати моҳонаи миёна, ки дар давраи таътили ҳарсолаи меҳнатӣ нигоҳ дошта мешавад, давомоти ҳақиқии рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ба он рӯзи иловагии ғайрикорӣ, ки бо Фармони мазкур муқаррар шудааст, изофа мегардад;
давомоти рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ бо назардошти кӯтоҳкунӣ набояд аз понздаҳ рӯзи корӣ кам бошад;
дар ташкилотҳое, ки буҷавӣ ба ҳисоб намераванд, рӯзи иловагии ғайрикорӣ муфовиқи банди 1-уми Фармони мазкур, баробари рӯзҳои иловагии дигар ба рухсатии меҳнатӣ, бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ва мувофиқи шартномаи меҳнатӣ ё ки ҳуҷҷатҳои дигари маҳаллӣ, ки аз ҷониби кордиҳандагон бо розигии кумитаҳои иттифоқи касаба истифода мегарданд, муқаррар карда мешаванд.
4. Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ якҷоя бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ҶС «Uzbekistan Airways», ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои аҳолии ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ва бо назардошти дароз кардани рӯзҳои идона (ғайрикорӣ) бо гузарондани иқдомҳо ва кам кардани нархи хидматҳои нақлиётӣ ва меҳмонхона истироҳати фаъол ташкил намоянд.
5. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
бинобар ташкил кардани истироҳати фаъол ва муфиди аҳолӣ дар рӯзҳои дарозкардашудаи идона (ғайрикорӣ) чораҳои низомнок андешанд;
якҷоя бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ ва Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон оиди чорабиниҳое, ки дар рӯзҳои идона гузаронда мешаванд, васеъ хабардор намудани аҳолиро таъмин кунанд.
6. Ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон инҳо тавсия дода шаванд:
дар байни ҷамоаҳои меҳнатӣ ташкил кардани корҳои тавзеҳотӣ дар бораи мақсад, моҳият ва мазмуни Фармони мазкур;
фаъол гардондани кори ташкилотҳои иттифоқи касаба оид ба таъмин кардани истироҳати фаъоли кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар рӯзҳои дарози идона.
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
14 ноябри соли 2019.