Президент Шавкат Мирзиёев 7 июл бо тақдимоти нишондиҳандаҳои асосии ба даст овардашуда ва нақшаҳои дар саноати кимиё ба нақша гирифташуда шинос шуд.
Раиси раёсати ҶС «Ӯзкимёсаноат» Ҷ. Мирзамаҳмудов дар бораи корҳои оид ба диверсификатсияи соҳа ва рушди истеҳсоли маҳсулоти нав ҷиҳати иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 октябри соли 2018 анҷом додашуда маълумот дод. Гуфта шуд, ки дар зарфи 3 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,5 баробар ва содирот 2 баробар афзуд.
Аз ҳама муҳимаш, соҳае, ки қаблан ба таври доимӣ зарар медид, соли 2021-ро бо 1,6 триллион сӯм фоида ҷамъбаст намуд.
Корхонаҳои ҷамъият дар шаш моҳи соли ҷорӣ қариб 7 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол карданд, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот 11 фоизро ташкил дод. Ба маблағи 218 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири сол истеҳсоли маҳсулот ба 14 триллион сӯм, содирот ба 425 миллион доллар расонида шавад. Бо ин мақсад дар нимаи дуюми соли ҷорӣ истеҳсол намудани 650 ҳазор тонна азот, 70 ҳазор тонна фосфат ва 120 ҳазор тонна нуриҳои калийдор, 80 ҳазор тонна поливинилхлорид пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат зарурати анҷом додани кори мунтазамро оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва дигаргунсозии корхонаҳои соҳа қайд кард. Гуфта шуд, ки аз ҳисоби сарфаи нерӯи барқ ва маҳаллисозӣ арзиши онро камаш 6 фоиз кам кардан мумкин аст.
Дар рафти тақдимот инчунин оид ба лоиҳаҳои ояндадор маълумот дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки то охири сол 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ азхуд карда шуда, 9 лоиҳа ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, дар «Навоиазот» ташкил кардани истеҳсоли метилселлюлоза, гази техникӣ, нуриҳои моеи минералӣ, дар технопарки кимиёи Чирчиқ - пенопропилени кафкшуда, нуриҳои органикӣ ва маҳсулоти полимерӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент таъкид кард, ки лоиҳаҳои нав бояд танҳо бо ҷалби сармояи хусусӣ амалӣ шаванд. Вазифа гузошта шуда буд, ки портфели лоиҳаҳо ба маблағи на камтар аз 1 миллиард доллар дар 5 кластери кимиёвӣ ташкил карда шавад.
Инчунин барои тезонидани хусусигардонии корхонаҳои ҷамъияти саҳҳомӣ дастур дода шуд.