ДАР БОРАИ ПАРАМЕТРҲОИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҚАБУЛ БАРОИ ТАҲСИЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛИ 2020/2021

Бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим байни муассисаҳои таълими олӣ, ба дараҷаи зарурӣ ташкил кардани қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон ва гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дар шароити карантин, инчунин мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд:

Бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим байни муассисаҳои таълими олӣ, ба дараҷаи зарурӣ ташкил кардани қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон ва гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дар шароити карантин, инчунин мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори  рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд:
1. Муқаррар карда шавад, ки:
а) ҳангоми қабул ба таҳсил дар самти таълими бакалавриат дар соли таҳсили 2020/2021:
бақайдгирии довталабон дар давраи аз 20 июн то 20 июли (то худи 20 июл) соли ҷорӣ дар минтақаҳое, ки Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба тайёркунии Барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии воридот ва паҳншавии намуди нави коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян кардааст, — тавассути Марказҳои хидматҳои давлатӣ, дар ҳамаи минтақаҳо – тавассути Портали ягонаи хидмати интерактивии давлатӣ ва сомонаи расмии Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Маркази давлатии тест) гузаронида мешавад;
озмоишҳои дохилшавии тестӣ аз ду фан, ки ба самти таҳсили бакалавриат, ки довталаб интихоб намудааст, мувофиқат мекунанд, гузаронида мешаванд;
ба довталабон ҳуқуқи иштирок намудан дар озмун то панҷ самти таҳсилоти бакалавриат бо блоки якхела ва пайдарпайии фанҳое, ки санҷишҳои тестӣ гузаронида мешаванд, дода мешавад;
б) аз соли таҳсили 2020/2021 сар карда:
барои заноне, ки тавсияномаи Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд, нишондиҳандаҳои чорфоизаи қабул дар асоси гранти давлатӣ иловагӣ ба нишондиҳандаҳои умумии қабул муқарраршуда дар асоси гранти давлатӣ барои шакли таҳсили рӯзонаи бакалавриат дода мешавад;
ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дохил шудан ба магистратура, инчунин кӯчондан ва барқароркунӣ ба таҳсил дар самти таҳсили бакалавриати муассисаҳои давлатии таълими олӣ тавассути сомонаи расмии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки  аз ҷониби Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор:
Параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул ба таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2020/2021 (минбаъд – Параметрҳои фармоиши давлатӣ) таҳия шудааст;
самтҳои таълими бакалавриати бинобар мундариҷа наздик якҷоя карда шуда, соҳаҳои тахассусии соҳавӣ васеъ гардонда шуданд;
ихтисосҳои магистратура калон карда шуданд.
3. Параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба:
а) тайёр кардани бакалаврҳо оид ба:
шакли таълими рӯзона – ба андозаи 103 575 нафар мувофиқи замимаи №1;
шакли таълими ғоибона – ба миқдори 31 350 нафар мувофиқи замимаи № 2;
шакли таълими шабона – ба миқдори 5 025 нафар мувофиқи замимаи № 3;
б) тайёр кардани магистрҳо – ба миқдори 10 425 нафар мувофиқи замимаи № 4 тасдиқ карда шаванд.
4. Ҳайати Комиссияи давлатии қабул оид ба қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли таҳсили 2020/2021 мувофиқи замимаи № 5 тасдиқ карда шавад.
Ба Комиссияи давлатӣ ҳуқуқи зерин дода шавад:
дар сурати зарурат ҷорӣ намудани самтҳои нави таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура, инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор  ба Параметрҳои фармоиши давлатӣ бо мақсади муайян кардани параметрҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии навтаъсис;
муайян кардани параметрҳои дохилшавии мақсаднок ба бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар доираи соҳаҳои дахлдор ва минтақаҳо бо мақсади қонеъ кардани эҳтиёҷот ба мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст ва дастнорас;
муайян кардани нишондиҳандаҳои ягонаи андозаи ҳадди ақалли шартномаи тафриқавии пулакӣ аз рӯйи соҳаҳои таълим ва минтақаҳои ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, бо назардошти нуфуз ва  ҷойгиршавии ҳудудии муассисаҳои таълими олӣ бо назардошти арзиши шартномаи асосии пулакӣ (ба истиснои муассисаҳои таълими олӣ, ки ба худмаблағгузорӣ мегузаранд).
5. Бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар оянда таъмин кардани соҳаҳои иқтисодиёти ноҳияи Сӯхи  вилояти Фарғона бо мутахассисони соҳибихтисос ва дорои афкори замонавӣ  барои ин минтақа параметрҳои мақсадноки қабул ба миқдори 500 ҷой иловагӣ  ба нишондиҳандаҳои муқарраршудаи умумии қабул дар асоси гранти давлатӣ оид ба шакли рӯзонаи бакалавриат ҷудо карда шавад.
Ҳокимияти вилояти Фарғона якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инчунин Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати як ҳафта ба Комиссияи давлатӣ оид ба тақсимоти ин параметрҳои қабул дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асоси талабот пешниҳодҳои асоснок тақдим кунад.
6. Ба эътибор гирифта шавад, ки ба муассисаҳои таълими олӣ, ки ба низоми худмаблағгузорӣ гузаштаанд, ҳуқуқи муайян кардани нархи таҳсил дар асоси шартномаи пулакиву қарордодӣ бо назардошти ҳаҷми пурраи худмаблағгузорӣ дода шавад.
Ректорони муассисаҳои таълими олӣ, ки ба низоми худмаблағгузорӣ гузаштаанд,  дар тӯли як ҳафта дар ВАО ва шабакаи Интернет дар бораи миқдори муқарраршудаи шартномаи пулакӣ бинобар самти таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура маълумот интишор намояд.
7. Муайян карда шавад, ки аз соли таҳсили 2021/2022 талабот ба фармоишгарони кадрҳо пурра тавассути системаи иттилоотии «quota.mineconomy.uz» (минбаъд – Низоми иттилоотӣ) ба таври автоматикӣ ташаккул дода мешавад.
8. Бо мақсади рақамӣ кардани ҷараёни муайян намудани талаботи фармоишгарон ба кадрҳо то 1 октябри соли 2020:
Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҳамгироиро бо Низоми иттилоотии Маҷмӯи байниидоравии дастгоҳию барномавии «Низоми ягонаи миллии меҳнат» ба мақсади фароҳам овардани имконият барои мониторинги эҳтиёҷоти ҷории соҳаҳо иқтисодиёт ба кадрҳои маълумоти олидор таъмин намояд;
Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҳамгироиро бо Низоми иттилоотии пойгоҳи маълумотҳои доимо таҷдидшаванда дар бораи шумораи хонандагон дар синфҳои хатмкунанда ва ҳайати омӯзгорони тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ таъмин намояд;
Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  – ба Низоми иттилоотӣ ворид намудани маълумотро дар бораи эҳтиёҷоти фармоишгарони кадрҳо бо истифодаи системаи “Имзои электронии рақамӣ”, инчунин такмил додани Низоми иттилоотиро дар асоси доимӣ таъмин намояд.
9. Ба Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати таълими халқ якҷоя бо вазорату идораҳои дигар то 1 сентябри соли 2020 дар бораи унификатсияи аттестатсияи ниҳоии давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таълими умумӣ ва имтиҳонҳои дохилшавӣ  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ҷорӣ намудани имтиҳони ягона таклифҳо таҳия намуда, ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид кунад.
10. Комиссияи давлатӣ то 20 июни соли 2020 инҳоро тасдиқ намояд:
бо дархости Вазорати тандурустӣ, Вазорати таълими халқ, Кумитаи давлатии рушди байторӣ ва чорводории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд – тақсимоти параметрҳои қабули мақсаднокро дар доираи ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои минтақаҳое, ки ба кадрҳои дорои маълумоти олӣ дар соҳаи тандурустӣ, таълими халқ, ветеринарӣ талаботи зиёд доранд, дар доираи нишондиҳандаҳои қабул дар асоси гранти давлатии Параметрҳои фармоиши давлатӣ;
дар асоси пешниҳодҳои Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, инчунин Маркази давлатии тест – тақсимоти Параметрҳои фармоиши давлатӣ ба муассисаҳои таълими олӣ бинобар забони таълим.
11. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) дар тӯли як моҳ:
якҷоя бо Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Ӯзбекистон, инчунин Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти самтҳои нави таҳсилоти бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура, ки дар соли хониши 2020/2021 ба кор андохта мешаванд, ба Таснифоти самтҳо ва ихтисосҳои таълими олӣ тағйирот ва иловаҳо ворид кунанд;
якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд, бо тартиби муқарраргардида талаботи тахассусӣ, нақшаҳои таълимӣ, инчунин барномаҳоеро, ки ба самтҳои нави таҳсили бакалавриат ва ихтисоси магистратура дохил карда шудаанд, таҳия ва тасдиқ намоянд;
б) то 31 декабри соли 2020 тартиби ба хатмкунандагон додани тахассуси базавӣ ва иловагиро бо назардошти хусусияти самти таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура таҳия ва тасдиқ кунанд;
в) то 1 декабри соли 2020 якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Вазорати молия, инчунин вазорату идораҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳодҳои асоснок тақдим намоянд:
дар Параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба  қабул ба муассисаҳои таълими олӣ муайян намудани танҳо нишондиҳандаҳои қабул дар асоси гранти давлатӣ;
аз ҷониби муассисаҳои таълими олӣ мустақилона муайян намудани нишондиҳандаҳои қабул дар асоси пуливу қарордодӣ. Бо ин нишондиҳандаҳои қабул дар асоси пуливу қарордодӣ аз миқдоре, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян намудааст, набояд пасттар бошад;
тарбияи донишҷӯёни боистеъдод дар асоси гранти давлатӣ инчунин дар ташкилотҳои ғайридавлатии таълими олӣ;
ҷорӣ намудани тартиби баробари имтиҳонҳои касбӣ (эҷодӣ) супурдани озмоишҳои тестӣ аз се фанҳои ҳатмӣ – забони модарӣ (ӯзбекӣ, русӣ ё қарақалпоқӣ), математика ва таърихи Ӯзбекистон барои қабул ба таҳсил дар самти таълими бакалавриат, ки малакаҳои махсусро талаб мекунанд.
12. Бо мақсади муносибгардонии ҷараёни тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар соҳаи варзиш бо пешниҳоди Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тайёркунии кадрҳо бинобар самти таълими бакалавриати «Фаъолияти варзишӣ (аз рӯи намуди фаъолият)» дар доираи қисми барномаҳои таълимӣ бо муҳлати таҳсилашон сесола розигӣ дода шавад.
13. Муқаррар карда шавад, ки:
аз соли хониши 2020/2021 Параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба ихтисосҳои магистратура дар соҳаи таҳсилотии «130 000 - Математика» пурра дар асоси гранти давлатӣ ташаккул меёбанд;
хароҷоти марбут ба таълими шахсоне, ки дар соли таҳсили 2020/2021 ба бакалавриат ва магистратура дар асоси  грантҳои давлатӣ қабул шудаанд,  аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад.
14. Ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 6 тағйирот ворид карда шавад.
15. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки  аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А. Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
12 июни соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: