ДАР БОРАИ ПАРАМЕТРҲОИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТӢ ОИДИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2022/2023

Бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таълими олӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим байни ташкилотҳои таълими олӣ, инчунин мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2022 №ҚП-279 «Дар бораи ташкили қабул ба таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълими олӣ»:

1. Параметрҳои фармоиши давлатӣ оиди қабул ба  муассисаҳои давлатии таълими олӣ дар соли хониши 2022/2023 тасдиқ карда шаванд:
а) тайёр кардани бакалаврҳо дар:
шакли рӯзонаи таҳсил – ба миқдори 77 477 нафар мувофиқи замимаи №1;
шакли ғоибонаи таҳсил – ба миқдори 26 095 нафар мувофиқи замимаи №1а;
шакли шабонаи таҳсил – ба миқдори 3 725 нафар мувофиқи замимаи №1б;
шакли масофавии таҳсил – ба миқдори 3 410 нафар мувофиқи иловаи №1в;
б) тайёр кардани магистрҳо – ба миқдори 10 688 нафар мувофиқи замимаи №2.
2. Ба Шӯрои назоратии муассисаҳои давлатии таълими олӣ, ки ба онҳо мустақилии молиявӣ дода шудааст, инчунин ташкилотҳои олии таълим, ки ба онҳо ваколати тасдиқ намудани параметрҳои қабул бо қарори Шӯрои парасторон дода шудааст, тавсия дода шавад, ки параметрҳои дахлдорро ба муҳлати то 20 июни соли 2022 тасдиқ кунанд.
3. Комиссияи давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҷараёни қабул ба таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълими олӣ дар муҳлати панҷ рӯз барои соли хониши соли 2022/2023 инҳоро тасдиқ ва эълон намояд:
тақсимоти параметрҳои мақсадноки қабул дар қисмати ноҳияҳо (шаҳрҳо) мувофиқи фармоиши вазорату идораҳои манфиатдор барои минтақаҳои ба кадрҳои маълумоти олидори соҳаи тандурустӣ, таълими халқ, байторӣ, хидмати тиббию иҷтимоӣ эҳтиёҷи баланд дошта, дар доираи нишондиҳандаҳои қабул дар асоси гранти давлатии параметрҳои фармоиши давлатӣ;
тақсимоти параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба забони таҳсил – дар асоси пешниҳоди Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд.
4. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар муҳлати як моҳ:
якҷоя бо Агентии оид ба танзими техникии Ӯзбекистон, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ба тартиби муқарраргардида ба Таснифгари самтҳо ва ихтисоси таълими олӣ бинобар самтҳои нав воридшавандаи таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура дар соли хониши 2022/2023 тағйироту иловаҳо ворид намояд;
ба тартиби муқарраргардида коркард ва тасдиқи талаботи квалификатсионӣ, нақшаҳои таълим ва барномаҳои фаннӣ оид ба самтҳои нав воридшавандаи таълими бакалавриат ва ихтисосҳои магистратура ба муассисаҳои давлатии таълими олиро таъмин намояд.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов гузошта шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

шаҳри ТОШКАНД, 
15 июни соли 2022. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: