ДАР БОРАИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2018/2019

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба мақсади таъмини хушсифат тайёр кардани мутахассисони боихтисоси дар соҳа ва ҷабҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ серталаб, муваффақ гардидан ба эътидоли тайёр кардани бакалавру магистрҳо бино бар миқдор ва самти таълим бо талаботи воқеии ҷорӣ ва пешомадноки истеъмолгарони боиқтидор, беҳтар гардондани истифодаи меҳнати хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ бо назардошти татбиқи портфели лоиҳаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва мақсаднок, инчунин мувофиқи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки Вазорати иқтисодиёт якҷоя бо Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои дигар:
мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 июни соли 2015 № ҚП-2360 «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани механизми ташаккул додани андозаҳои қабул ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ» ҳисобу китоби балансии андозаҳои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ ва талаботи кордиҳандагон ба хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ коркард шуданд;
бо назардошти эҳтиёҷоти ба истиқбол нигарондашудаи хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ бино бар самтҳои аниқ ва ихтисоси тайёрӣ, инчунин натиҷаҳои мониторинги бо кор таъмин кардани хатмкунадагон бино бар ихтисоси интихобнамудаашон квотаҳои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ барои соли таҳсили 2018/2019 ташаккул ёфтанд.
2. Барои соли таҳсили 2018/2019 квотаи умумии қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар тайёр кардани:
бакалаврҳо ба миқдори 69 200 нафар, аз он ҷумла бино бар грантҳои давлатӣ – 17 654 ва дар асоси пуливу қарордодӣ – 51 546, мувофиқи замимаи № 1;
магистрҳо ба миқдори 5 903 нафар, аз он ҷумла бино бар грантҳои давлатӣ – 1 552 ва дар асоси пуливу қарордодӣ – 4 351, мувофиқи замимаи № 2;
бакалврҳо дар шуъбаҳои махсуси ғоибона ба миқдори 11 765 нафар, аз он ҷумла бино бар грантҳои давлатӣ – 15 ва дар асоси пуливу қарордодӣ – 11 750, мувофиқи замимаи № 3 муқаррар карда шавад.
3. Ба эътибор гирифта шавад, ки дар соли таҳсили 2018/2019 квотаҳои қабул дар:
Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд, филиали бухороии Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд – бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 майи соли 2018 № ҚП-3702 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои маълумоти олидор дар Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд»;
Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд – бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 майи соли 2018 № ҚП-3703 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд»;
Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, филиали нуқусии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, филиали тирмизии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ва филиали андиҷонии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд – бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 майи соли 2018 № ҚП-3704 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои маълумоти олидор дар Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд»;
Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон – бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 майи соли 2018 № ҚП-3737 «Дар бораи таъсис додани Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон» тасдиқ шуданд.
4. Таклифи Вазорати иқтисодиёт, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дар соли таҳсили 2018/2019 аз андозаҳои умумии муқарраргардидаи тайёр кардани мутахассисон бино бар самтҳои бакалавриат дар асоси грантҳои давлатӣ ба муассисаҳои таълими олии тиббии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо намудани квотаҳо оид ба қабули мақсаднок барои минтақаҳо, ки камчинии ҷиддии кадрҳои тиббии баландихтисосро эҳсос менамоянд, бино бар дархости Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд мувофиқи замимаи № 4 пазируфта шавад.
5. Муайян карда шавад, ки тайёр кардани кадрҳо бино бар самтҳои таълими бакалавриати «Таълими томактабӣ», аз соли таҳсили 2018/2019 сар карда дар муассисаҳои таълими олӣ бино бар барномаҳои таълимии бакалавриат ба муҳлати таҳсили 3 сол амалӣ гардонда мешавад.
Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати 2 моҳ талаботи ихтисосӣ, нақшаҳои таҳсил ва барномаҳои самти таълими бакалавриати «Таълими томактабӣ»-ро барои ташкили пурарзиши ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълими олӣ дар соли таҳсили 2018/2019 таҳия ва тасдиқ намояд.
6. Ба таклифи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимиятҳои вилояти Фарғона оиди аз соли таҳсили 2018/2019 аз нав барқарор намудани қабул ба филиали фарғонагии Академияи тиббии Тошканд розигӣ дода шавад.
Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Фарғона ба муҳлати то 1 июли соли 2018 корҳои сохтмону таъмирро оиди ба соли таҳсили нави 2018/2019 тайёр кардани корпусҳои таълимӣ, лабораторияҳо ва хобгоҳҳои филиали фарғонагии Академияи тиббии Тошканд ба охир расонад, инчунин бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонад.
7. Таркиби Комиссияи давлатӣ оид ба қабул ба муассисаҳои таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи давлатӣ) мувофиқи замимаи № 5 тасдиқ карда шавад.
Ба Комиссияи давлатӣ ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:
ворид намудани тағйирот ба андозаҳои қабул ба бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таълими олӣ бо дарназардошти арзёбии рейтингии холҳои ҷамъовардаи довталабон ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ бино бар самтҳои таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура;
ворид намудани тағйирот ба квотаи қабул ба бакалавриат ва магистратура барои ҷорӣ намудани самту ихтисосҳои нав;
барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти асоснок ба мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо, аз он ҷумла барои ноҳияҳои дурдаст ва душворгузари ҷумҳурӣ муқаррар намудани нишондиҳандаҳои қабули мақсаднок ба бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таълими олӣ бино бар соҳаву минтақаҳои дахлдор.
8. Вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, якҷоя бо Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати се ҳафта барои тасдиқи Комиссияи давлатӣ бино бар тақсимоти квотаҳои қабул ба бакалавриат ва магистратура оиди грантҳои давлатӣ ва дар асоси пуливу қарордодӣ бино бар забонҳои таҳсил дар қисмати муассисаҳои зеридоравии таълими олӣ таклифот тақдим намоянд.
9. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
якҷоя бо Агентии «Ӯзстандарт» ва Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ба тартиби муқарраргардида ба Таснифгари самт ва ихтисоси таълими олӣ бино бар самтҳои аз нав ҷоришудаи таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура тағйироту иловаҳо ворид намояд;
дар муҳлати ду моҳ ба тартиби муқарраргардида талаботи квалификатсионӣ, нақшаҳои таълим  ва барномаҳоро бино бар самтҳои аз нав ҷоришавандаи таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура таҳия ва тасдиқ намояд;
якҷоя бо Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирон дар муҳлати ду моҳ дар бораи такмил додани низоми миллии ҳар сол муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклиф тақдим намояд, дар ин бобат ҳангоми муқаррар намудани нишондиҳандаҳои устувори рейтинг ба талабот ба кадрҳои фармоишгарони асосӣ – вазорат, идора ва ташкилотҳои дигар эътибори алоҳида диҳад.
10. Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд ва фармоишгарони асосии кадрҳо дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи самти таълими бакалавриати муассисаҳои таълими олиро гузаронад ва бино бар натиҷаҳо дар бораи қатъ намудани фаъолият, ки ба талаботи муқарраргардидаи кафедраи соҳавӣ бино бар самти мазкури бакалавриат ҷавоб намедиҳад, таклифот ворид намояд.
11. Вазорати молия аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо намудани маблағҳои заруриро бо дарназардошти квотаҳои қабул ба бакалавриат ва магистратура дар асоси грантҳои давлатӣ дар соли таҳсили 2018/2019 таъмин намояд.
12. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд, Вазорати молия дар муҳлати то 1 июли соли 2018 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар такмил додани механизми муайян кардани миқдори арзиши таҳсили донишҷуён дар муассисаҳои таълими олӣ дар асоси пуливу қарордодӣ, ки муайян намудани миқдори арзишро бо дарназардошти хароҷоти ҷамъшудаи муштарак барои таҳсил пешбинӣ менамояд, таклифот тақдим намояд.
13. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд, дар муҳлати 1 моҳ ба Комиссияи давлатӣ бино бар квотаҳои қабул ва шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи муассисаҳои таълими олӣ дар қисмати самтҳои серталаби таълими бакалавриат бо дарназардошти эҳтиёҷоти истеъмолгарони боиқтидор таклифоти асоснок ворид намояд.
Муқаррар карда шавад, ки:
квотаи умумии қабул ба шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи муассисаҳои таълими олӣ ба миқдори то 30 фоизи квотаи умумии тасдиқгардидаи қабул ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2018/2019 муқаррар карда мешавад;
таҳсил дар шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи муассисаҳои таълими олӣ дар асоси пуливу қарордоди амалӣ гардонда мешавад;
арзиши таҳсил дар шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи муассисаҳои таълими олӣ ба миқдори арзиши на ками таҳсил бино бар самтҳои дахлдори таълими бакалавриати шакли рӯзонаи таълим муқаррар карда мешавад.
14. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо фармоишгарони кадрҳо ҳар сол то оғози соли нави таҳсил нақшаҳои таълим ва барномаҳои самтҳои таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратураро бо ворид намудани фанҳои замонавӣ, ки тайёрии амалии кадрҳои баландихтисосро дар шароитҳои конюктураи зудтағйирёбандаи бозори меҳнат, бо дарназардошти ҷорӣ кардани экологияҳои инноватсионӣ ва зарурӣ дар истеҳсолот ва соҳаи иқтисодиёти воқеӣ таъмин менамояд, аз нав дида барояд.
15. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Маркази оид ба тайёр кардани мутахассисон дар хориҷ ва мулоқот бо ҳамватанони назди Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз соли таҳсили 2018/2019 сар карда бино бар ба ҷараёни таълими муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ҷалб намудани олимони бонфузи хориҷӣ, мутахассисон-кордидагон ва омӯзгорони баландихтисос барои гузарондани машғулотҳои таълим бино бар самтҳои дахлдори таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура чораҳо андешанд.
16. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд, якҷоя бо Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳлати то 1 январи соли 2018 ба тасдиқи Комиссияи давлатӣ инҳоро ворид намояд:
рӯйхати фармоишгарони кадрҳо ва миқдори донишҷуёни аз ҷониби онҳо тақсимшуда, ки дар соли таҳсили 2018/2019 бино бар самтҳои таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура қабул шудаанд;
феҳрасти объектҳо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ки дар соли таҳсили 2018/2019 бино бар самтҳои таълими бакалавриат ва ихтисоси магистратура қабул шудаанд.
17. Ба таҷрибаи ҳайати Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълими олӣ доранд:
бо иштироки кордиҳандагон дар ҳар семоҳа камаш як маротиба баррасӣ намудани камбудиҳо дар дониш ва малакаи хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ, ки дар рафти фаъолияти меҳнатӣ зоҳир гардиданд;
бино бар ба охир расидани ҳар сол, аммо на дертар аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба Маҷмӯи оид ба масъалаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудани маълумоти умумии таҳлилӣ оиди камбудиҳо дар ихтисоси кадрҳои тайёршуда, инчунин тавсияномаҳо ва таклифот бино бар барҳам додани онҳо ҷорӣ намояд.
Назорати иҷрои банди мазкур ба зиммаи роҳбарони маҷмӯъҳои Девони Вазирон, роҳбарони вазорату идораҳо, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июли соли 2017 №ҚП-3151 «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд васеъ гардондани иштироки соҳаҳо ва ҷабҳаҳои иқтисодиёт дар баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисони маълумоти олидор» гузошта шавад.
18. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо Вазорати адлия дар муҳлати 1 моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.                              МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД,
4 июни соли 2018.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: