ДАР БОРАИ ҚАЙДИ ИДИ РАМАЗОН

Бо назардошти нақши беандозаи айёми барои ҳамаи мусалмонон муқаддас – ҷашни мубораки Рамазон дар ҳаёти халқамон, аҳамияти бузурги он бобати дар ҷамъият қарор ёфтани муҳити ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру оқибат, некӣ, олиҳимматӣ ва сипосгузорӣ барин фазилатҳои нек, инчунин ба мақсади нигоҳ доштан ва боло бардоштани анъанаҳои милливу маънавӣ:

1. Бо назардошти қарори Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2019-ум ба 5 июн (чоршанбе) мувофиқ омадани рӯзи аввали Иди рамазон, дар мамлакатамон 5 июни соли 2019 ба сифати ҷашни Иди рамазон васеъ қайд карда шавад. 
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 ноябри соли 2018 №ФП-5574 «Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи ҷашни санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2019» 1 июн (шанбе) ба 6 июн (панҷшанбе) кӯчонда шудааст. 
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Фонди оид ба дастгирии фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний», Кенгаши ҷумҳуриявӣ оид ба мутобиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон ва сохторҳои дигари ҷамъиятӣ  чорабиниҳои заруриро вобаста ба ҷашни иди Рамазон дар маҳалҳо муташаккилона ва дар сатҳи олӣ, мувофиқи суннатҳои миллӣ ва динии халқи мо татбиқ намоянд.
4. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба ҷашни Иди рамазонро васеъ равшан намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
30 майи соли 2019

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: