ДАР БОРАИ РАҒБАТНОКСОЗИИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Бо мақсади васеъ ҷашн гирифтани иди умумихалқии 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр дар мамлакат, изҳори эҳтироми амиқ ва ёд намудани хотираи дурахшони падарону бобоёнамон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон фавтидаанд, зуҳури эътибор ва эҳтироми махсус ба собиқадорон, ки дар набардҳои зидди фашизм ва фронти ақибгоҳ қаҳрамонӣ ва шуҷоат зоҳир намудаанд, ба тарбияи маънавиву ахлоқии ҷавонон саҳми муносиб мегузоранд ва ҳамчунин аз ҷиҳати моддӣ рағбатнок намудани иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг:

1. Мукофотпулии якдафъаина ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар миқдори 15000000 (понздаҳ миллион) сӯм муқаррар карда шавад.
2. Харҷҳое, ки бо татбиқи Фармони мазкур алоқаманданд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта шавад.
3. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ, Вазорати молия, Вазорати маданият, Вазорати дастгирии маҳалла ва куҳансолон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ супурда шавад, ки пардохти мукофотпулии мазкур ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар вазъияти тантанавӣ ва ҷашнӣ ба амал оваранд.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арипов А.Н. гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
29 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: