ДАР БОРАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ БА ӮЗБЕКИСТОН

Бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 апрел – 1 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййиб Эрдӯғон бо сафари давлатӣ ба кишвари мо меояд.

Ба сифати идомаи мулоқоти сиёсие, ки 25-26 октябри соли 2017-ум дар доираи ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Туркия дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ омада буд, дар шаҳри Тошканд муҳокима кардани роҳҳои минбаъд беҳтар намудани ҳамкориҳои бисёрҷанба, мустаҳкам кардани робитаҳои пешина ва инкишоф додани алоқаҳои нави пешомаднок дар муносибатҳои дуҷониба пешбинӣ мегарданд. Ба масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла масоили аксуламал ба таҳдиду хуруҷҳои ҷаҳониву минтақавӣ эътибори махсус дода мешавад.
Мувофиқи нақшаи сафари давлатӣ Президенти Туркия дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад мекунад.
Сарони ду мамлакат ҳамчунин дар анҷумани муштараки тиҷоратии роҳбарони бонкҳо, ширкатҳо ва фирмаҳои машҳури Ӯзбекистону Туркия ширкат меварзанд.
Дар барномаи ташриф сафари ҳайати Туркия ба шаҳри Бухоро пешбинӣ шудааст.
Бинобар натиҷаи ҳамоиши ӯзбекистониву туркиягӣ қабул кардани Изҳороти муштараки сарони давлатҳо бо баҳодиҳӣ ба ҳолати ҷории муносибатҳои дуҷониба ва рушди муттасили онҳо дар назар дошта шудааст. 
Дар доираи сафар, тавре ки чашм дошта мешавад, маҷмӯи зиёди ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои гуногун, ҳамчунин як қатор муоҳидаҳои сармоявӣ ба имзо мерасанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: