28 ноябри соли равон бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов бо сафари корӣ ба кишвари мо меояд.
Сарони давлатҳо пешомадҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайнро муҳокима мекунанд ва ҷараёни татбиқшавии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия ва маданияту инсонпарвариро баррасӣ менамоянд.
Президентҳо ҳамчунин бобати масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор мекунанд.
29 ноябр Президенти Туркманистон дар Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд иштирок менамояд.
ӮзА.
ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ДУЮМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиёту коммуникатсия, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра дохил карда шудаанд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва таъмин сохтани амнияти минтақавӣ низ мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Бинобар натиҷаҳои мулоқот қабул гардидани ҳуҷҷати хулосавӣ пешбинӣ мешавад.
Тавре ки маълум аст, ташаббус дар бораи баргузор кардани мулоқоти мунтазами машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷараёни иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2017-ум пешниҳод шуда буд. Ҳамоиши нахустин моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид.
ӮзА.